img
Вохурии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд (БОР)

Имрӯз 31 уми октябри соли 2023 вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора  Кенҷа  бо    ҳайати Бонки Осиёии Рушд  баргузор гардид.

Мақсади вохӯрии мазкур, машваратҳо оид ба ҳамкориҳои оянда дар самти ивазшавии иқлим ҷамъоварии маълумот ва фикру мулоҳизаҳо оид ба баррасии Стратегияи БОР дар мавриди ивазшавии иқлим дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ мебошад.

Ҳадафи асосии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ба васеъ намудани шуғли самаранок мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 равона гардида аст.

Натиҷаи ниҳоии Лоиҳа ба беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва беруниӣ нигаронида шудааст.

 

31.10.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ