img
КАСБОМӮЗӢ ДАР ШАРИКӢ БО БАХШИ ХУСУСӢ

Дар доираи сафари Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаи саҳми бахши хусусӣ дар касбомӯзии шаҳрвандон мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Муайян гардид, ки дар назди корхонаву ташкилотҳои хусусӣ марказҳо ва ё синфхонаҳои омӯзишӣ таъсис дода шуда, тавассути онҳо ҳам барои кормандони худ ва ҳам барои дигар хоҳишмандон курсҳои кӯтоҳмуҳлати касбомӯзӣ гузаронида мешаванд.

Бо мақсади ташкил намудани курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва таъсиси марказҳо ва синфхонаҳои омӯзишӣ ширкатҳои хусусӣ бо Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаии Ҷумҳурии Исломии Эрон шартнома баста, дар доираи ин шартнома Созмони номбурда ширкатҳоро бо омӯзгорону устоҳои таълимӣ ва касбомӯзонро баъд аз супоридани имтиҳонҳо бо шаҳодатнома таъмин менамояд.

Гурӯҳи корӣ ҷиҳати омӯзиши ин таҷриба аз Маркази омӯзишии ширкати гурӯҳи саноатии “Нони саҳар” дидан намуд. Дар маркази мазкур касбомӯзӣ аз руйи ихтисосҳои нонпаз ва қаннод такшил карда шудаанд.

Бартарии омӯзиш дар он аст, ки қисми зиёди машғулиятҳо амалӣ -таҷрибавӣ буда, касбомӯзон онро дар худи корхона ба анҷом медиҳанд.

Баъд аз хатми омӯзиш аксари касбомӯзон дар ширкати мазкур ба кор таъмин гардида, қисмати боқимонда аз ҷониби ширкат барои бакортаъмишавӣ ба ширкатҳои ҳамсамти фаъолият тавсия дода мешаванд.

Вобаста ба ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаии Ҷумҳурии Исломии Эрон расмиёти таъсиси чунин марказҳои омӯзиширо бо бахши хусусӣ омода намуда, ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд. Ҳамзамон, Созмони номбурда омодагии хешро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти мазкур бо бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

21.10.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ