Имрӯз, 7 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023” баргузор гардид.
Дар ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, хадамот, агентӣ, муассисаҳои давлатии вазорат ва намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 гузориши муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Давлатзода Қиёмиддин шунида шуд.
Қайд карда шуд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2023 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар робита ба ин ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунарҳои милливу муосир, як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Аз ҷумла, дар ин давра ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳа ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ ва танзими фаъолияти соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 13 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуда, лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул гардиданд.
Иҷрои чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027 дар соли ҷорӣ 65,4 фоиз таъмин шуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо 13 давлат 36 санад ба имзо расонида шудааст.
Вазорат ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои коргарӣ ва бо ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти кишвар ҳамоҳанг намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пайваста чораҳои муассир меандешад.
Соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати мукаммал намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ аз рӯи ихтисосҳои мавриди талабот тадбирҳо андешида шуда, ба 5 муассиса аз рӯйи 4 ихтисос техника ва лавозимоти таълимӣ дастрас карда шуд.
Дар идомаи ҷаласа мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ натиҷаҳои фаъолияти вазоратро дар нимсолаи якуми соли 2023 мусбат арзёбӣ намуда, дар баробари ин тақвияти корҳоро дар самтҳои истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ, бокортаъминкунии шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фарогирии шаҳрвандон, идомаи ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, гуногуншаклии муҳоҷирати меҳнатӣ таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони иҷтимоӣ дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони экологӣ ва дохилӣ ва омода намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷиро таъкид намуд.
Дар фарҷом ҷиҳати тақвияти фаъолият ба кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии тобеи вазорат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд.