img
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ  АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД (БАТР)

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ  АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД (БАТР)

Имрӯз 18 апрели соли 2024 мулоқоти муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баргузор гардид.
Дар раванди вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба самти муносибатҳои меҳнатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин баробарии гендерӣ, корҳои маъншуда барои занон ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва ҷиҳати таҳким ва тақвияти фаъолият дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва инчунин танзими раванди муҳоҷират аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» ва “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул гардида, феълан мариди амал қарор доранд.
Консепсияи шуғли пурмаҳсул то давраи соли 2040 аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул, донишу малака, технология ва имкониятҳои шуғли пурмаҳсул, рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул, ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ иборат аст.
Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират барои давраи то соли 2040 бошад дар шаш марҳила ва бори аввал дар доираи як Стратегия танзими раванди тамоми намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ (муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати хориҷӣ, муҳоҷирати дохилӣ, муҳоҷирати эгологӣ, гуразегон ва паноҳандагон) амалӣ карда мешавад.
Дар раванди вохӯрӣ муовини вазир Давлатзода Қ., пешниҳод намудан, ки ҷиҳати таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди минбаъда чорабиниҳои дар консепсия ва стратегияи болозикр пешбинишуда ба асос гирифта шаванд.

18.04.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ