3 ноябри соли 2022 таҳти роҳбарии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.А. ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои соли 2022 баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои комиссия – сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, хадамот, агентӣ ва муассисаҳои давлатӣ ширкат намуданд. Котиби комиссия - сардори шуъбаи аудити дохилӣ Раҷабов Ф. оид ба масъалаи рӯзномаи маҷлис “Дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои вазорат доир ба тадбирҳои иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои соли 2022” гузориш дод.
Ҳамзамон, муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Д., муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Раҷабов Б., директори МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” Раҷабов Р. ва дигар иштирокдорон доир ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои муосидаткунанда ба коррупсия маълумот доданд.
Аз ҷониби муовини якуми вазир Раҳмонзода А.А. бо натиҷагирӣ аз корҳои иҷрошуда, ҷиҳати тақвияти фаъолияти комиссия ва иҷрои чорабиниҳои банақшаигирифташуда ба масъулин супоришҳои иловагӣ дода шуданд.