img
БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2027 ТАСДИҚ ГАРДИД.

Таърихи 30 августи соли 2023 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баррасӣ гардида, тасдиқ карда шуд.

Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагири стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ва банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2022, №263 «Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид.

Барномаи мазкур фарогири тадбирҳое мебошад, ки бевосита аз муҳтавои Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бармеоянд ва татбиқи босамари ин Барнома имконият фароҳам меорад, ки тадриҷан дар ҷумҳурӣ истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасониҳо бо арзиши баланди изофашуда афзоиш ёбад ва дар ин замина рақобатпазирии молу маҳсулот ва хизматрасониҳо дар бозори истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ таъмин карда шавад.

Дар баробари ин, Барнома имконият фароҳам меорад, ки шароити мусоид барои тадриҷан баланд бардоштани музди меҳнат, ҳифзи иҷтимоии кормандон муҳайё гардида, ба ин васила сатҳи зиндагии аҳолӣ боло равад ва сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ боз ҳам коҳиш дода шавад.

 

                                                                                   Қурбонов Н. М.  

                                                                                                                Сардори Раёсати бозори меҳнат

                                                                                                                             ва шуғли аҳолӣ                                           

 

31.08.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ