img
КРОКУС ГРУПП: “ҚАРЗДОРӢ АЗ ПАРДОХТИ МУЗДИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОН АВВАЛИ МОҲИ МАРТ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД”.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби Радиои Озодӣ аз 22 феврали соли 2023 зери унвони “Муҳоҷирон дар Маскав музди корашонро талаб доранд”-ро пайгирӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки кормандони Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират рӯзи 25 феврали соли 2023 бо роҳбарияти ЖК "Лесобережный" ноҳияи Красногорск вилояти Москва ва муҳоҷирони меҳнатӣ – шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ анҷом доданд.

Зимни мулоқот маълум гардид, ки фармоишгари иншооте, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор мекунанд, ООО «Технический заказчик Фонда защиты прав граждан-участников долевого строительства» буда, пудратчӣ «Крокус Групп" мебошад. Дар хусуси қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат аз ҷониби роҳбарияти ширкат қайд гардид, ки бинобар дермонӣ дар маблағгузорӣ аз ҷониби фармоишгар натавонистанд, музди маоши кормандонро сари вақт пардохт намоянд.

Дар сохтмони иншооти мазкур наздик ба 2300 нафар корманд ҷалб карда шудаанд, ки қариб 1000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва боқимонда аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар иншооти мазкур кор мекунанд, зикр намуданд, ки будубош, 3 вақт хӯрок, пардохти маблағи ҳармоҳаи патент, бақайдгирӣ ва либоси махсус аз ҳисоби корфармо мебошад.

Зимни мулоқот кормандон зикр намуданд, ки дар давоми 5 – 6 соли фаъолият дар ширкати мазкур бори аввал аст, ки мушкилоти сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат ба миён омад.

Роҳбарияти ширкат қайд намуд, ки қарздорӣ аз пардохти музди маоши кормандон дар аввали моҳи март бартараф карда мешавад. Айни замон кор дар иншооти мазкур аз рӯйи реҷаи муқарраршуда идома дошта, масъалаи пардохти музди маоши кормандон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират қарор дорад.

Ҳамзамон, бо истифода аз фурсат аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия хоҳиш менамоем, ки дар ҳолати вайрон гардидани ҳуқуқҳои меҳнатӣ бевосита ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо нишонии зерин муроҷират намоянд: - Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

- Ҳавзаи федералии Марказӣ (ш.Москва):

+7 (495) 967-98-44,

+7 (929)540 88 88,

+7(910)443 63 35,

+7 (967)271 02 02,

+7(903)597 12 13

- Ҳавзаи федералии Урал (ш.Екатеринбург):

+7 (982) 739-89-98

- Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарбӣ (ш.Санкт-Петербург):

+7 (977) 963-25-69

- Ҳавзаи федералии Приволжие (ш.Уфа):

+7 (966) 031-22-22

- Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ (ш.Краснодар):

+7 (996) 120-77-77

28.02.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ