img
МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

6 октябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо иштироки намояндаи Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, Раиси ноҳия Мирзодавлат Сабурзода, инчунин муовинони раиси ноҳия, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону намояндагони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хоҷагиҳо, кормандони масъули соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ташкилоту муассиса, соҳибкорон, раисони маҳалла ва ходимони дин маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор гардид.

 

 Раиси ноҳияи Қубодиён ҷаласаро оғоз бахшида, меҳононро ба ноҳияи Қубодиён хайрамақдам гуфт.  Муовини якуми раиси ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон маълумот  дод. Мавсуф оид ба вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2023, амалишавии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини натиҷаҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои бандҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат зимни сафарҳояшон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҳисобот дод.

 

Раиси ноҳия ҷадвали суръати рушдро дар самти саноат, сохтмон, савдо, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, ки дар асоси таҳлилҳои дақиқ таҳия гардида буд, таъкид намуда иброз дошт, ки барои рушди воқеии ноҳия боз ҳам фаъолиятро тақвият мебахшанд.

 

Дар идома фаъолияти соҳаи кишоварзиро дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, мевагӣ, сабзавот, гандум, картошка, маҳсулоти гӯштӣ, шир, тухм ва ғайра дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта роҳбарият ва кормандони Раёсати кишоварзӣ ва масъулони дастгоҳи ҷамоатҳоро вазифадор намуд.

     

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зимни суханронӣ бо ёдоварӣ аз мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди хатарҳои афзоянда ва таъсири он ба иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо изҳори назар кард. Иброз гардид, ки дар баробари муваффақиятҳо дар самти иҷтимоию иқтисодии ноҳия камбудиву норасоиҳо низ ба назар мерасанд, ки ислоҳи саривақтиро тақозо менамоянд.

 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ намудани Барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳоро дар самти саноат, сохтмон, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум аввалиндараҷа маънидод карда, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳифзи амнияту оромӣ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд.

 

Дар идомаи суханронӣ даъват ба амал овард дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳон қарор дорад, моро зарур аст ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шуда, бештару беҳтар фаъолият намоем, корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкориро вусъат бахшем, сарфаю сариштакориро риоя намоем дар ҷараёни амалишавии стратегияву барномаҳои соҳавӣ, ки пешбурди иқтисодиёти ноҳияро таъмин менамояд иштирок намоем ва барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ ва бо натиҷаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба бигирем.

 

 Дар фарҷоми маҷлис Раиси ноҳия Мирзодавлат Сабурзода суханронӣ  карда, бо дарназардошти фикру андешаҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлилҳое, ки дар рафти ҷаласа ироа гардид, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия муовинон, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони идораву ташкилотҳои марбутаро вазифагузорӣ намуд.

 

Ба Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода барои иштирок дар маҷлиси ҷамъбастӣ изҳори сипос намуд ва изҳори итминон намуд, ки сокинони ноҳияи Қубодиён ҷашнҳои дар пеш истодаи Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи президенти Тоҷикистон, Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистонро дар ноҳияи Қубодиён бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол хоҳанд гирифт.

06.10.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ