img
ТАЪМИНИ БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ АЗ  НИГОҲИ ҲУҚУҚӢ

Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи   пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст.

 

                                                                                                                    Эмомалӣ   Раҳмон

 

 

Мо дар давлате қарор дорем, ки дар ҳама соҳаҳои ҷамъият озодиву баробарии инсон бевосита дар қонунгузорӣ кафолат дода шудааст.  Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд.Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, ташкил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробар ҳуқуқанд”.

 

(Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 2 моддаи 17). Баробари ба сари мансаб омадани Сарвари давлат тамоми диқақати худро баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ ва кафолати озодиҳои мардум равона сохтанд.То ин дам даҳҳо санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки озодӣ ва ҳуқуқҳои инсонро кафолат медиҳад қабул карда шуда, дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои амнтарин, ки озодӣ, виҷдон, шаъну шараф, интихоби шахс дар мақоми аввал ҳисобида мешавад, эътироф мекунад.

 

Роҳбари давлат махсусан ба сиёсати пешгирифтаи ҷаҳон оид ба масалаҳои гендерӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри таъмини баробарии марду зан   дар кишвар саҳми арзанда гузоштанд.Масъалаи гендерӣ яке аз масалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта,тамоми ҷаҳон оид ба ин масъала корбарӣ мекунад. Тоҷикистон низ оиди таъминоти гендерӣ ва ҳифзу ҳуқуқҳои зан якчанд лоиҳаву ҳуҷҷатҳои худро ба мақоми ҷаҳонӣ пешноҳод намудааст.

 

Маврид ба зикр аст, ки Призиденти кишвар мегуянд :"Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон беш аз 20 ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ қабул карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид, ки ин санадҳо барои фаъолияти занону бонувон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварданд."

 

Таваҷҷӯҳи  ҳукумату давлат нисбати қишри ояндасози кишвар зиёд буда, тамоми неъруву қувва ва шароитҳои созанда  баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии осоишта равона кардааст. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ  як қатор қонунҳову санадҳо, барномаҳои давлатӣ, консепсия ва конвенсияҳо дар ҷумҳурӣ оид  ба кафолати ҳуқуқии занон масъалаи гендерӣ қабул гаштанд, ки ин далолат аз тинҷӣ, оромӣ,сулҳу субот ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат аст.

 

Аз ҳама муҳим саводнокии зан дар ҷомеъаи демократӣ дар мадди аввал қарор дорад. Ба ҳамин васила бо мақсади беҳтар намудани дастрасии духтарон ба таҳсил соли 1997 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани квотаҳои президентӣ барои духтарони лаёқатманд аз ноҳияҳои дурдаст қабул карда шуд.

 

Имконияти васеъ фароҳам овард, ки духтарон бештар ба таҳсил ҷалб шуда, то тавонанд дар ҷомеъа нақши худро устувор созанд  ва ин сабаб шуд духтароне, ки лаёқату дониш доранд ба макотибҳои оливу  касбии дохилаву хориҷа бе мамоният таҳсил гирифта, дар рушду нумуъи давлат саҳмгузор бошанд.

 

Дигар "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони қобилиятнок барои солҳои 2017-2022" тасдиқ шуд, ки бо ин метавонад  занони лаёқатманд  дар мақомоту идораҳои давлати ҳамҷун роҳбар фаъолият кунад.

 

Барои ин аз тарафи ниҳодҳои дахлдор якчанд чораҷуиҳо пешбинӣ шудаанд, аз қабили курсҳои забономӯзи, зан "Сарвар", гузаронидани озмунҳои зеҳнӣ дар байни занону духтарон. Боз "Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" ва "Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи "Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2030" — ро қабул намуданд . Ҳамчунин, дар мамлакат барои солҳои 2021 — 2025 нақша чорабиниҳои миллӣ, тадбирҳо оид ба гузаронидани экспертизаи гендерии қонунгузорӣ, ташаккули кадрҳои захиравӣ барои пешбарӣ ба сохторҳои идоракунии гендериро пешбинӣ намудаанд, Мақсад аз он иборат мебошад, ки таъмини фаъолияти занон дар ҳама соҳаҳои ҷамиятӣ ва беҳдошти рушди мамлакат ба ҳисоб меравад.

 

Фармони дигаре, ки аз ҷониби Призиденти мамлакат қабул гардид ин "Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 — 2025". Барои ин барнома аз тарафи идораву корхонаҳо маблағ ва дигар восидаҳои техникуву масолеҳи истеҳсоли ҷудо карда мешавад. Сол то сол имкониятҳои васеъ аз тарафи давлат барои занони соҳибкор додашудааст, ки то тавонанд дар ҷомеъа фаъолнокии худро зиёд намуда, аз хушунадҳои оилавӣ, маҳалӣ фориғ гашта, ҳиссагузор ба пешрафти ҷомеъаи демократӣ бошанд.

 

"Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023", комилан қайд кардан ба маврид аст, ки зӯровари дар оила муаммоҳои асоси ҷомеъаи ҷаҳон ба ҳисоб рафта, нисбати занону духтарон зулму шиканҷа, азиятҳои руҳиву ҷисмонӣ расонида мешавад, ин сабаб мешавад ба беморӣ, руҳафтотагӣ, шикастҳо аз зиндагӣ, аз таҳсил дур мондан, тарс ба кору фаъолият, тарбияи нодурусти фарзанд ва ғайраҳо.Қабули барнома метавонад ҳамаро барҳам дода зиндагии бо мароми занону духтаронро таъмин намояд. 

 

Пешвои муаззами миллат дуруст қайд карданд, ки"Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар як оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар сарчашма мегирад."

 

Бо ёрии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" аз тарафи мақомоту кумитаҳо якчанд чорабиниҳову аксияҳои тарғиботи гузаронида мешавад.  Барои дастгирии оилаҳои осебпазир, фароҳам овардани фазои мусоид дар зиндагии осоишта, баробари зану мард ва тарбияи фарзандон дар ҷумҳурӣ якчанд қонун ва санадҳои меъёри ҳуқуқӣ нигаронида шудаааст.

 

Сараввал, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи маориф", "Дар бораи манъи ақди никоҳи хешутаборӣ", "Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон", Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Конвенсия дар бораи ҳукуқи модару кудак ва якчанд санадҳои байналмилалии, ки Тоҷикистон онро эътироф намудааст, ба ҳисоб меравад.

 

 

 

Сайфулозода Собир мутахассиси

Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо 

 

 

 

 

 

29.12.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ