Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғлро омода ва амалӣ намояд. Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ"
Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд.
****
Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон оид ба гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
*****
Таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба шумор меравад.
*****
Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.
*****
Зарур аст, ки ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.
***
Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
***
Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд. Ҳамзамон бо ин, вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.