img
СЕМИНАР – МАШВАРАТҲО ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Аз санаи 24 ноябр то 1 декабри соли равон дар доираи амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2021, №95 Барномаи идоравии (соҳавии) зиддикоррупсионӣ барои соли 2021 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо иштироки кормандони шуъбаи аудити дохилии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ семинар – машваратҳо доир ба пешгирии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда баргузор гардиданд.

Зимни семинар – машваратҳо зикр гардид, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад. Он барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Бояд қайд намуд, ки барои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мунтазам корҳои фахмондадиҳӣ ва баргузор намудани вохӯрию муколамаҳои судманд дар якҷоягӣ бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда ш

06.12.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ