Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад. Баҳри тақвияти ҳисси худшиносиву хештаншиносӣ ҷавонон, пеш аз ҳама, бояд осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд.
«Аз ҷумлаи беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон- ояндаи миллат», «Аз Ориён то Сомониён», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Истиқлолият-неъмати бебаҳо», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» мебошанд, ки ба зеҳну шуури ҷавонон, бешак таъсири мусбат мерасонанд»
Гуфта шуд, ки тамоми паёмҳои Президенти Тоҷикистон саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, онҳо ҳуҷҷати сабзи ормонҳои мардуми тоҷик - яке аз миллатҳои қадимтарини дунё бо таърихи беш аз шашҳазорсола, аз давраҳои бостон соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда мебошанд.
«Пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аз ҷавонон вобастагии амиқ дорад, зеро ҷавонон неруи тавоно ва созандаи давлату миллат маҳсуб мешаванд. Вобаста ба ин зарур аст, ки дар интихоби касб, бунёди оилаи намунавӣ, муносибати неку содиқона ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои дарёфти мавқеи устувори шаҳрвандӣ кӯшиш ба харҷ диҳем».
Ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ неруи тавонову пешбарандаи ҳаёти ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобастагии амиқ дорад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар замири ҷавонон ташаккул додани сифатҳои волои созандагиву бунёдкорӣ як силсила асноди муҳим қабул намудааст, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо нигаронида шудаанд.
«Мо, ҷавонон дар замоне фаъолият дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ ҳамарӯза хавфу таҳдидҳои навро густариш медиҳад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16 Қонуни конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013»-ро қабул намуд, ки барои боз ҳам тақвият бахшидани зиракии сиёсии ҷавонон тадбири саривақтӣ буд».
Моро мебояд фаъолияти худро ба боз ҳам шукуфову гулафшон гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона намуда, бо иродаи қавӣ ва аз сидқи дил хизмат намоем. Ҷавонони хушбахту саодатманд - пайравони асилу ҳамешагии Пешвои миллат бояд барои ҳифзи якпорчагӣ ва таҳкиму пойдории Истиқлоли давлатӣ, ободиву озодии ин сарзамини зархез, ки номаш Тоҷикистон аст, аз сидқи дил, бо тамоми ҳастиву тавоноӣ саъю талош варзанд. Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати тоҷикон буда, Президенти Тоҷикистон аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаҳои рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, қабул ва амалигардонии якчанд барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқоти пайвастаи Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, амалӣ намудани як силсила ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз таҷҳизоти муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар ҷавони саодатманди мамлакат мебошад.
Ҷавобан ба иқдому ибтикор ва талошҳои пайгиронаи ин абармарди беназири майдони сиёсат насли ҷавони Тоҷикистон, махсусан ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд бояд тамоми неру ва тавоноии хешро баҳри рушди устувори Ватани хеш-Тоҷикистон, татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, пос доштани таъриху тамаддун ва арзишҳои миллӣ, дастовардҳои давраи Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллию суботу осудагии ҷомеа равона намуда, зимнан онро ба наслҳои оянда мерос гузоранд.
Манбаъ:
АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ,