img
Миссияи хотимавии лоиҳаи бонки осиёии рушд “тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”

30 майи соли равон миссияи Бонки Осиёии Рушд вобаста ба баррасии натиҷаҳо ва ҳисоботи ҷамъбастии Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, коршиносону мутахассисони байналмилалӣ, мушовирони Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ва мутахассисони Гурӯҳи идоракунии Лоиҳа ба таври маҷозӣ доир гардид.

 

Намояндагони миссияи мазкур зимни суҳбат қайд карданд, ки тӯли 5 сол дар доираи Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, натиҷаҳои он қаноатбахш ва мусбат арзёбӣ мегарданд.

 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ миннатдории давлату ҳукуматро ба Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати дастгирии соҳаи меҳнат, бахусус тақвияти таҳсилоти касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

 

30.05.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ