Имрӯзҳо Ватани маҳбубамон дар остонаи баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 10 то 13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, қарор дорад.
Ташкили чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд моҳияти сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамонро дигарбора ба сифати сиёсати сулҳҷуёнаю башардӯстона, симои Тоҷикистонро ба сифати кишвари биҳиштосо, босубот ва саршор аз ғановати обию сайёҳӣ ва мардуми онро меҳмондору меҳмонпазир муаррифӣ менамояд. Аз ҷониби дигар, моҳияти чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию илмӣ ба афзудани робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ заминаи муосид фароҳам месозад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мушкилоти вобаста ба об суханронӣ карда, ҷомеа ҷаҳониро ба ҳамкории зич даъват намуданд. Бо ташаббуси Пешвои миллат пешниҳоди чоруми ҷониби Тоҷикистон дар масоили дастрасӣ ба об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ қабул гардид.
Ҷонибдорӣ гардидани ин ташаббус, аз як тараф ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои рушди устувор бошад, аз ҷониби дигар эҳтиром ба миллати тоҷик ва Сарвари давлати он мебошад. Барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 меҳмонони зиёди хориҷӣ ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз табиат, зебогиҳои пойтахти мамлакат, расму оин, ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги мардуми Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуда, таассуроти худро аз фарҳангу маданият ва меҳмоннавозии тоҷикон тавассути воситаҳои имконпазири иттилоотӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ баён менамоянд.
Ҳамзамон, ташрифи шумораи калони намояндагони ВАО аз хориҷи кишвар шукуҳи Конфронсро бештар менамояд. Бозтоби кори Конфронс ва манзараҳои зебои мамлакати мо дар расонаҳои маъруфтарини дунё бешубҳа дар афкори умумии байналмилалӣ тассаввуроти ҷолиберо аз Тоҷикистон эҷод мекунад. Чунин бозтоби васеъ барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар сабаб шуда, яке аз омилҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мегардад. Об сарчашмаи ҳаёт, наҷотбахши табиат ва асоси саломатии инсон арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон дорои неъматҳои бойи табиӣ буда, саросари кӯҳистони он пур аз чашмаву обҳои мусаффо мебошад ва аксарияти онҳо хусусияти табобатӣ доранд.
Қуллаҳои баланд, манзараҳои кўҳистоне, ки дар он чаҳор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ бо пешниҳод кардани чунин маҷмўи хизматрасонӣ мо метавонем ба туристони байналмилалӣ маҳсулотеро пешниҳод намоем, ки дар он рақобат вуҷуд надорад. Табиати Тоҷикистон бо сабаби гуногунрангӣ ва мавҷудияти кўҳҳову доманакуҳҳо аз якчанд ҷиҳат хос буда, барои руйидани гиёҳҳои шифобахш шароити мусоид фароҳам аст. Захираи зиёди обҳои шифобахш, ки аз замини доманакўҳҳо ба таври табиӣ ё сунъӣ фаввора зада мебароянд, аз ҳисоби сермаъдан будани қабатҳои замини кишвар қобилияти шифобахшӣ дошта, як қатори онҳо нодиртарин дар дунё ба шумор мераванд.
Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон чашмаҳои Хоҷа Оби Гарм, Явроз, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Ҳавотоғ, Зумрад, чашмаи Бибӣ - Фотимаи Заҳро, Авҷ, Ямчун ва Зонг мебошанд, ки барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд. Қобили қайд аст, ки марказҳои солимгардонию табобатии кишвари мо соҳиби хусусиятҳои фавқулодда табобатбахширо доро мебошанд. Онҳо инчунин сохтори такмилёфтаву рушдкарда доранд, ки аз ҳамтоёни хориҷии худ ягон камӣ надоранд.
Бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захира ва имкониятҳои обиву туристии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва масъалагузорӣ мешаванд. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ — обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад».
Имрӯзҳо бо талошҳои Пешвои миллат ба ҳамаи минтақаҳои дорои захираҳои табобатию солимгардонӣ, аз ҷумла обҳои минераливу шифобахш, пиряхҳо ва дарёву кӯлҳои мусаффо хатсайрҳо барои туристони дохилию хориҷӣ ташкил карда шуда, имкониятҳои ин минтақаҳо ба таври васеъ ва самаранок истифода шуда истодааст. Ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои обию солимгардонӣ бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.
Захираи бойи обҳои ошомиданӣ ва барои саломатӣ муфиди кишвар имкон фароҳам меорад, то туризми обию экологӣ рушд карда, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари туристӣ вориди бозори ҷаҳонӣ гардад ва аз ҳисоби даромади соҳа сатҳи иқтисодиёти кишвар боло равад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки маҳз бо талошҳои хастанопазири Пешвои миллат дар ҳошияи чунин чорабиниҳои сатҳи баланд ҷаҳониён меҳмоннавозии беназири тоҷикона, фарҳанги ғанӣ, сиришти маънавии миллат, ёдгориҳои арзишманди таърихӣ, табиати афсункори кишвар, обҳои мусаффову шифобахш, кӯҳҳои чун ғурури миллат баланди Ватан ва садҳо ғановати фарҳангӣ, табиӣ ва экологиро хоҳанд шинохт. Аз сӯи дигар бо баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд мавқеи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ устувор ва тавассути муколамаи судманд масоили глобалӣ матраҳ ва ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мустақиман равона мегардад.
Абдукарим ҚУРБОНЗОД
Сармутахассиси Раёсати молия,
таҳлил ва дурнамои Вазорати
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон