Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва кумак ба ҷавонон дар дарёфти ҷойи кори муносиб дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ бунёди Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон дар бинои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар корҳои хиштчинӣ, бетонрезии сутуну роҳравҳо идома дошта, он тибқи лоиҳа 3 ошёна буда, аз ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, 3 ҳуҷраи машваратӣ, толори бисёрвазифавӣ, 8 синфхонаи махсус, толори тренингҳо, ҳуҷраҳои кории роҳбарият, омӯзгорон ва дигар кормандон, китобхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои техникӣ иборат мебошад. Инчунин, дар назди марказ устохонаи таълимӣ барои касбҳои пардозгар, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ин Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон вобаста ба баланд бардошти сатҳи саводнокии муҳоҷирон дар соҳаи ҳуқуқу уҳдадориҳо, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо семинар ва тренингҳои дахлдор гузаронида шуда, муқаррароти асосии санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии дахлдор омӯзонида мешавад.
Бо ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ бино ва иншооти ёрирасони он пурра бо мебелу таҷҳизоти наву муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад.