Имрӯз, 12 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 ва муайян намудани вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ, муовини якуми вазир, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, хадамот ва агентӣ ва муассисаҳои давлатии вазорат ва мудири шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирмаҳмадзода Иброҳим, намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 гузориши муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз шунида шуд. Қайд карда шуд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2022 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар робита ба ин ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самтҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунарҳои милливу муосир, як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Аз ҷумла, дар ин давра ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳа ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ ва танзими фаъолият 14 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ин шумора 3 лоиҳа ба тасвиб расида, 1 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо ва 3 лоиҳа дар марҳилаи таҳия қарор доранд. Инчунин, лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №775 «Дар бораи тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расида, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд» дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Раҳмонзода А. А. дар идома иброз дошт, ки масъалаҳои тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ пайваста зери назорати доимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вобаста ба он мунтазам чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2022, фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2022, №1 «Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2022, №312» таҳия ва он аз 28 январи соли 2022, №9 ба имзо расид. Ҷиҳати дар амал татбиқшавии фармони номбурда аз ҷониби мутахассисони вазорат корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд. Инчунин, тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои фарҳанг, маориф ва илм, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайра бо назардошти баландшавии музди меҳнат бозбинӣ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 майи соли 2022 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1652,2 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 160,9 сомонӣ (10,8 фоиз) ва нисбат ба аввали соли равон 111,4 сомонӣ (7,2 фоиз) зиёд шудааст.
Муовини якуми вазир зимни ироаи маърӯзаи ҳисоботи зикр намуд, ки бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии танзими давлатии муҳоҷирати меҳнатӣ, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳимояи бозори дохилии ҷумҳурӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ як қатор санадҳои меъёрӣ таҳия ва ба тасвиб расида, мавриди амал қарор доранд.
Вазорат ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои коргарии баландихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат ва бо мақсади бо ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти кишвар ҳамоҳанг намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пайваста чораҳои муассир меандешад.
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 барои ислоҳоти ҷиддӣ, азнавсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ шудаанд. Аз тавсиби Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 марти соли 2021, №АП-52) зиёда аз 1 сол сипарӣ гардид ва дар ин муддат дар 47 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ корҳои таъмирию азнавсозӣ гузаронида шуда, як қатор таҷҳизоти таълимӣ дастрас карда шуд.
Бо мақсади тақвияти рушди соҳа дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон вазорат бо як қатор мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар маҷмӯъ, бо 10 давлат 24 санади байналмилалӣ дар самтҳои марбут ба фаъолияти вазоратро ба имзо расонидааст, ки 10-тои он созишномаи байниҳукуматӣ ва 14-тоаш байниидоравӣ буда, мавриди амал қарор доранд. Айни ҳол 9 лоиҳаи санади ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия, Ҳукумати Давлати Қувайт, Швейтсария, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Англия, Сингапур ва Амрико дар баррасии Тарафҳо қарор доранд.
Дар идомаи ҷаласа Мудири шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирмаҳмадзода Иброҳим натиҷаҳои фаъолиятҳои вазоратро дар нимсолаи якуми соли 2022 мусбат арзёбӣ намуда, дар баробари ин тақвияти корҳоро дар самтҳои истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ, бакортаъминкунии шаҳрвандон, касбомӯзӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони экологӣ ва дохилӣ ва омода намудани мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷиро таъкид намуд.
Дар фарҷом ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар соҳаи меҳнат, ҳамзамон ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда аз ҷониби Амонзода Ширин Шодӣ ба сардорони раёсату шуъбаҳо, хадамот, агентӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат супоришҳо дода шуда, аз ҷониби Ҳайати мушовараи вазорат қарори дахлдор қабул гардид.