img
ҲУШЁРИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид карданд, ки шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрўз ҳам паст нашудааст. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

          Мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва дар умум ҳамаи падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир дастҷамъӣ ва муттаҳидии тамоми аъзои ҷомеаро тақозо менамояд. Бо назардошти ин, дар фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва зерсохторҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳо ҳам бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ вобаста ба ин мавзўъ мавқеи муҳим дорад.

          Аз ҷумла, вобаста ба иттилоотонидани аҳли ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии падидаю  ҳодисаҳои номатлуб, таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тибқи Фармоиши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.08.2021, №37 вобаста ба иҷрои Фармони мазкур корбарӣ рафта истодааст.

          Ёдовар мешавем, ки санаи 25 январ нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷират, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шўрои уламои дини вилоят ба имзо расид. Тибқи он давоми нимсола дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳалла бо ҷалби кормандону намояндагони раёсатҳои болозикр, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа 268 адад чорабиниҳои маърифатӣ – иттилоотӣ гузаронида мешаванд. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ айни замон аз рўи нақшаи мазкур бомаром идома дорад. Дар рафти ҳар чорабинӣ ба ғайр аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷавоб додан ба саволҳои шаҳрвандон ба онҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас мегардад.

          Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташаббуси худ барои паҳн намудан дар байни иштирокчиёни чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ варақаи махсус омода намуда, аз чоп баровард. Ҳамчунин ба онҳо маводи ёрирасони ташвиқотию тарғиботии аз Хадамоти муҳоҷират дастрасгардида тақсим мешавад, ки ба муҳоҷирати бехатар бахшида шудааст.

          Илова бар ин, ҳамаи сохторҳои зертобеи Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо оғоз аз сари сол тибқи нақшаҳои корашон дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

          Муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи табақаҳои осебпазири аҳолӣ мебошанд, эҳтимоли дар муҳоҷират ба доми фиреб афтодан ва ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гаравиданашон афзун аст. Аз ин рў, волидон, наздикону пайвандон, кумитаи маҳаллаву ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор бояд ба таври дақиқ дар куҷо ва ба чӣ кор машғул будани онҳо, суроғаи ҷои зисту фаъолият ва рақами телефони мобилиашонро донанд, дар мавридҳои зарурӣ ба тамос баромада, ҳар қадамашонро зери назорати қатъӣ гиранд ва нагузоранд, ки ба роҳи бад раванд.

          Миллати сарбаланди мо хуб медонад, ки ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшату харобӣ, қатлу куштори афроди бегуноҳ, қашшоқию камбағалӣ, бадбахтию бадрўзӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти қонунияти низоми давлатдорӣ мебошад. Захмҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта то ҳол шифои комил наёфтаанд ва мардум он рўзҳои сиёҳро ҳаргиз фаромўш намекунанд. Вале душманону бадхоҳони миллату давлат то ҳанўз аз ҳадафҳои ғаразнок ва нақшаҳои нопоки худ даст накашидаанд ва хавфи ба доми фиреби онҳо гирифтор шудани шахсони дар ақидаашон ноустувору зудбовар, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ мавҷуд аст.

          Дар чунин муҳиту вазъият, тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, ташаббускор бошем, тамоми кўшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои роҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа  ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем.

 

 

КАМОЛЗОДА С.О

Сардори Раёсати Хадамоти

муҳоҷират дар вилояти Суғд

30.03.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ