24 ноябри соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло ҳозирин ва кормандони вазоратро аз номи роҳбарияти вазорат бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрику таҳният намуд.
Дар идомаи чорабинӣ журналисти шинохта, публисист, сармуҳарири Рӯзномаи “Минбари Халқ” Бахтиёр Ҳамдамов ва собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, корманди Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибов Раҷабмурод Ғолибович оид ба таърихи парчамдорӣ ва давлатории тоҷикон, инчунин қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуданд.
Зикр гардид, ки ҷашни Парчами давлатӣ аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрўз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиклол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ месозад. Таҷрибаи парчамдории миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастии миллати тоҷик аст.
Дар таҳияи Парчами имрўзаи мо аз сарчашмаҳои зиёди таърихию фарҳангӣ истифода гардидаааст.
Дар фарҷом, бо таваҷҷуҳ ба муттаҳидӣ зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ҳифз ва ба рамзҳои давлатӣ арҷгузорӣ карда шавад.