Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» соли нави таҳсили 2022–2023 ва ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омодагӣ ҳамаҷониба истиқбол мегирад. То имрӯз бинои таълимӣ ва синфхонаҳо, хобгоҳҳо ва ошхона таъмир гардида, саҳни ҳавлии муассиса рангу бор карда шудааст. Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил ва донишазхудкунии хонандагон якчанд таҷҳизоти нав, аз ҷумла 3 адад проектор, компютер, принтер, кондитсионер, 30 адад кати хоби дуқабата дигар маводи таълимӣ ва китобҳои тахассусӣ харидорӣ гардидааст. Айни замон дар муассиса 33 нафар омӯзгор ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, 4 нафар мураббӣ, 10 нафар кормандони тибб, инчунин кормандони иҷтимоӣ, Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир, дар маҷмуъ дар 90 воҳиди корӣ пурра фаъолият дошта, норасогии кадрӣ вуҷуд надорад. Китобхонаи муассиса дорои шароити хуби қироат буда, китобҳои бадеӣ, адабиётҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои умумитаълимӣ ва тахассусӣ барои раванди таълим ва хонишҳои беруназсинфӣ кифоя мебошанд. Ёдовар мешавем, ки муассисаи мазкур аз рӯи 6 ихтисос мутахассис омода менамояд ва филиали он дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ амал мекунад.