1 июни соли 2022 дар МД “Литсейи касбии маъюбони шаҳри Душанбе” Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ таҷлил гардид.
Вазир таълимгирандагони муассисаро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки кӯдакон зери ҳимояи давлат ва ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо эътирофи Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва монанди инҳо муқаррароти қонунгузории кишварро ба ин санадҳои байналмилалӣ мутобиқ намуда, барои кӯдакон шароити сазовори таълиму тарбия ва рушдро фароҳам овардааст.
Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамасола тадбирҳои зиёд андешида мешаванд.
Ҷиҳати аз таҳсил дур намондани кӯдакон, ба корҳои вазнин ва номатлуб машғул нагардидани онҳо мақомотҳои дахдори давлатӣ пайваста корбарӣ менамоянд.
Аз ҳумла, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва аз бозори меҳнат баровардани онҳо аз соли 2009 ба инҷониб як қатор корҳоро анҷом додааст.
Таъсиси бахши мониторинги меҳнати кӯдак дар вазорат имкон дод, ки дар ин давра бо истифода аз имкониятҳои муассисаҳои тобеи вазорат кӯдаконе, ки ба корҳои вазнин машғул буданд, ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун ҷалб карда шаванд.
Волидайн ва дигар аъзои оилаи онҳо низ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, то ки барои фароҳам овардани шароити муосид ҷиҳати таълиму тарбияи фарзадон хавасманд гарданд.
Ин масъала таваҷҷуҳи доираҳои илмиро низ ҷалб намудааст. Дар ин самт аз ҷониби МД «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» мунтаззам тадқиқотҳо гузаронида шуда, хулоса ва пешниҳодҳои илман асоснок барои тарбияи меҳнатии кӯдакон дар доираи қонунгузории кишвар ва ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо таҳия ва амалӣ мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ муроҷиатномаи муҳассилини МД “Литсейи касбии маъюбони шаҳри Душанбе” қироат карда шуд, ки изҳори сипосу миннатдории хонандагони муассисаи мазкурро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода менамояд.
Дар фарҷом ба ҳозирин барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони варзида ва Ансамбли ҷумҳуриявии “Лаъл” бо тараннуми ифтихор аз Тоҷикистон - Ватани азиз, ифтихори милливу ғурури ватандорӣ манзур гардид.