3 декабри соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён бо роҳбарияти ноҳия, раисони ҷамоатҳо ва масъулини соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, маориф ва тандурусти ҷаласаи корӣ доир намуд.
Дар ҷаласа тадбирҳои иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Панҷ, Бохтар ва Ёвони вилояти Хатлон аз 1 то 2 ноябри соли 2022 баён доштанд, муайян карда шуда, дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия баррасӣ гардид.
Таъсиси коргоҳҳои хурду миёнаи дӯзандагӣ, коркарди меваю сабзавот, рушди боғдорӣ, таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонсозӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба аҳолӣ, бунёди муассисаҳои соҳаҳои фарҳанг, маориф ва тандурустӣ, бахусус дар деҳаҳои дурдаст аз ҷумлаи чорабиниҳое, мебошанд, ки дар доираи иҷрои нақшаи болозикр амалӣ хоҳанд шуд.
Дар робита ба иҷрои саривақти чорабиниҳои банақшагирифташуда ва тақвияти корҳо дар ин самт аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.