img
ЭЪЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ МУТАХАССИСИ ТИ "Системаи иттилоотии бозори меҳнат (LMIS)".

Мамлакат:    Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа:    Лоиҳаи «Навкунонии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»
Рақами грант:    E1600-TJ
Иҷрокунанда:    Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номгӯйи вазифаи холӣ:    1. Мутахассис оид ба дастгирии техникии ТИ «Системаи иттилоотии бозори меҳнат (LMIS).

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР)-и Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои татбиқи лоиҳаи «Навкунонии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» (P178878) грант дарёфт кард. Лоиҳа аз ҳисоби гранти Хазинаи Глобалӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон ва Фонди Трастии бисёр донорҳо (MTF) барои дастгирии маблағгузории зерқисмати 3.2 маблағгузорӣ мешавад.
Лоиҳа аз ҳисоби гранти Фонди Глобалӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон ва ҳамчунин, Фонди Трастии Бисёрдонорӣ (МТФ) ҳаммаблағгузор буда, барои дастгирии молиявии Зерқисмати 3.2. маблағгузорӣ менамояд.

 

МУТАХАССИС ОИД БА ДАСТГИРИИ ТЕХНИКИИ ТИ «СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ БОЗОРИ МЕҲНАТ (LMIS);

Мақсади аз хизматрасонии мазкур дастгирии ГТЛ-и назди ВММША ҶТ барои интегратсияи муассир ва кори бефосилаи платформаи рақамии СИБМ буда, хатарҳои марбут ба фаъолияти онро кам кунед. Баланд бардоштани маҳсулнокии корбарон тавассути расонидани дастгирии техникӣ, мониторинг ва нигоҳдории инфрасохтори сервер, инчунин дастгирии равандҳои рақамисозии ВММ.  

 

ТАЛАБОТ БА ТАХАССУСӢ:

 

I. Маълумот ва Таҷриба:

  • •    Дараҷаи олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (ТИ), идоракунии системаҳо, илмҳои компютерӣ ё соҳаи алоқаманд;
  • •    На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи ТИ;

 

II. Таҷрибаи идоракунии ва фаъолият дар Лоиҳаҳо:

  • •    Идоракунӣ ва рушди системаҳои иттилоотӣ дар ташкилот;
  • •    Ташаккул ва ҷорӣ намудани стратегияҳои ТИ;
  • •    Таҷриба дар ҷалб, омӯзиш ва роҳнамоии мутахассисони ИТ;
  • •    Таҷрибаи идоракунии гурӯҳи мутахассисони ИТ, аз ҷумла тақсим кардани вазифаҳо, назорат оид ба иҷрои вазифа, беҳтар кардани равандҳои корӣ ва таъсиси низоми самараноки коммуникатсионӣ;
  • •    Малакаҳои бунёд ва нигоҳдорӣ кардани гурӯҳ, ҷорӣ намудани усулҳои Agile, Scrum ё дигар равишҳои муосир.

 

III. Идоракунии инфрасохтор ва системаҳои инфрасохтории ИТ:

  • •    Идоракунии ва дониши идоракунии системаҳои иттилоотӣ ва инфрасохтори серверӣ, пойгоҳҳои дода ва нармафзор;
  • •    Рушд ва оптимизатсияи инфрасохтори ИТ;
  • •    Таҷриба дар нигоҳдорӣ ва навсозии системаҳои иттилоотии мураккаб;
  • •    Малакаҳои мониторинги системаҳои иттилоотӣ ва инфрасохторҳои серверӣ (Zabbix, Prometheus, Nagios ва ғайра);
  • •    Таҷрибаи кор бо системаҳои мониторинг ва сабти воқеаҳо (ELK Stack ва ғайра).

 

IV. Амният ва муошират:

  • •    Дониши стандартҳо ва талаботи муосири амнияти додаҳо ва системаҳои иттилоотӣ;
  • •    Таҷрибаи таҳия ва ҷорӣ намудани сиёсати амнияти иттилоотӣ;
  • •    Таҷрибаи гузаронидани курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ оид ба ИТ.
  • •    Малакаҳои самараноки муошират ва ҳамкорӣ бо ҳамкасбон ва истифодабарандагон, хусусан дар муҳити бисёрмиллатӣ ва бисёрфарҳангӣ.

 

V. Дониши иловагӣ:

  • •    Донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, дониши забони англисӣ дар сатҳи техникӣ;
  • •    Донистани хусусиятҳои кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва инчунин таҷрибаи ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ (бартарӣ дорад).

 

Маълумоти иловагӣ, аз он ҷумла нишондодҳои техникиро дар вақти корӣ аз соати 09:00 то 17:00 аз суроғаи зерин дастрас кардан мумкин аст.

Довталабонро зарур аст, ки шахсан бастаро бо ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоянд:

 

Ариза дар бораи иштирок барои ишғоли вазифаи холӣ ба номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • −    Резюме бо забонҳои русӣ ва англисӣ (бояд дар бораи таҳсилот ва таҷрибаи корӣ маълумоти пурра дошта бошад);
  • −    Тависяномаҳо бо рақамҳои тамоси тавсиядиҳандагон. 
  • −    Нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олӣ.
  • −    Нусхаҳои шаҳодатномаҳо дар бораи таҳсилоти иловагӣ ё иштирок дар семинарҳо ва тренингҳо;
  • −    Нусхаи шиноснома (ҷойи қайд, ИНН);

 

Ҳуҷҷатҳои зикршударо дар лифофа бо дарҷ намудани вазифа ва номи номзад ба суроғаи зерин пешниҳод намудан зарур аст: ш. Душанбе, кӯчаи Алишера Навоӣ 5/1, Лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ», бинои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (ошёнаи сеюм) то 29 январи соли 2025 (16:00 бо вақти Душанбе).

 

Шахсони тамосгиранда: 
Бобохонзода С.Ғ.- директори иҷроияи Лоиҳа.
Почтаи электронӣ: bsiyovush@gmail.com, 
Мирзоев Ҷ. Н. – сармутахассис оид ба хариди Лоиҳа.
Почтаи электронӣ: jahonbek@gmail.com.
 

15.01.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ