КОРҲОИ ИТТИЛООТИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР "ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ"
https://www.facebook.com/share/p/18vAL3J48j/
Тибқи дастуру супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон ва корҷуён гузаронида шуд. Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргаштаанд ҷойҳои кории холӣ (вакансияҳо) дар ширкатҳои ватанӣ, хизматрасониҳои таълими касбӣ ва забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия мебошад. Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ доир бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани шаҳрвандони бозгашта дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод гардид.
Он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, оид ба масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар дастурамалӣ муҳим доданд.
Инчунин, ба шаҳрвандон доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур медиҳанд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд. Бояд тазаккур дод, ки мақсади асосии фаъолияти кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар минтақаҳо ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ - муҳоҷирони меҳнатӣ, кумак ба онҳо ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад ҳамарӯза ҳам дар Фурудгоҳҳо ва Истгоҳи роҳи оҳан байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дастурҳои муфид медиҳанд.