img
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ФАРХУНДА - РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 4 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат, кормандон ва сохторҳои он баргузор гардид.

Бо садо додани суруди миллӣ муовини якуми вазир Раҳмонзода А.А. чорабинии тантанавиро ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил, ҳамзамон санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад.

Дар идомаи чорабини болозикр Исоев А. - сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо, Сангинзода Э.Н. - мувини якуми директори МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, Фарангези Ҷ. – Мудири бахши иттилоотии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Асозода Ф. - сармутахассиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таърих, моҳият ва нақши Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва таъмини зиндагии шоистаи халқи Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом Раҳмонзода А.А. бори дигар ҳозиринро ба муносибати Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷати сарнавиштсозу бахтномаи миллат мебошад, табрик гуфта, барояшон хушбахтиву саодат ва рўзгори ободу осуда орзу намуд.

04.11.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ