img
ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАЙНИИДОРАВӢ

12 майи соли 2023 таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба иҷрои тавсияҳои Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати шомилшавии Тоҷикистон ба низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаи таҷдиди назар намудани “Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифода меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №179) мавриди баррасӣ қарор гирифта, намояндагони вазорату идораҳо дар робита ба ворид гардидани техника ва технологияи нав ба истеҳсолот ва сабук гардидани як қатор корҳои ба рӯйхати болозикр шомилшуда пешниҳод намуданд, ки рӯйхати корҳое, ки дар он меҳнати занон манъ карда мешавад, дар асоси пешниҳоди асосноки вазорату идораҳои дахлдор кам карда шавад.

Ба гурӯҳи корӣ кормандони пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ, марказҳои бемориҳои касбӣ, коршиносон ва машваратчиён шомил буда, дар назар аст, ки масъала мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, хулосаи ниҳоӣ бо асосноккунӣ унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод шавад.

12.05.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ