img
ТАВСИЯҲОИ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ҷанбаҳои консептуалӣ ва асосҳои назариявӣ-методологии шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28.10.2022.

Бо мақсади таъмини рушди устувори бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни конференсия дар сессияи тематикии №1: “Масъалаҳои ташаккули шуғли пурмаҳсул, такмили муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ”, тавсияҳои зеринро пешниҳод намуданд:

 

1.  Муайян намудани сатҳи таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ ба шуғли аҳолӣ, аз он ҷумла:

 

- теъдоди аҳолӣ;

- музди миёнаи моҳонаи номиналии меҳнат;

- сатҳи дониш, маҳорати касбӣ ва тахассуси аҳолии қобили меҳнат, теъдоди барои кор аз мамлакат баромада рафтагон;

- хароҷот ба сари ҳар як нафари аҳолӣ;

- теъдоди бекорон;

- вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар кишварҳо-шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити таббӣ-иқлимӣ.

 

2. Коркард намудани пешниҳодоти аз ҷиҳати назариявӣ асоснок оид ба таносуби намудҳои гуногуни шуғл: истеҳсолӣ, самаранок, оқилона, ғайрирасмӣ, виртуалӣ ва ғайра.

 

3. Тақвият бахшидани таъмини ниҳодии ташаккул ва татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои рушди бозори меҳнат.

 

4. Таъмин намудани мутобиқати стратегияҳо ва барномаҳои рушди сатҳи миллӣ бо стратегияҳо ва барномаҳои ҳамсони рушд дар қаринаи бозори меҳнати сатҳи минтақавӣ.

 

5. Дар заминаи кластерҳои инноватсионӣ коркард намудани амсилаи шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ барои мамлакат, барои ҳар як минтақа ва соҳаҳо. Зарур аст, ки он таъсири ҳар як омилро ба таъмини шуғли аҳолӣ муайян ва ба коркарди самтҳои шуғли пурмаҳсул дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

 

6. Ҳамкории мақомоти давлатӣ дар самти бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ИДМ идома ва таҳким бахшида шавад.

 

7. Механизми ташкилию иқтисодии таъмини шуғли аҳолӣ таҳия карда шавад, ки он низоми идоракунии кадрҳо ва танзими равандҳои таҳия ва татбиқи тадбирҳои таъсиси ҷойҳои кории озодро фаро гирад.

 

 8. Бо назардошти хусусиятҳои хоси бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти стратегӣ ин рушди ниҳоди шуғли худиштиғол мебошад. Аз ҷумла, бо назардошти тартиби истифодабарии шаклҳои чандирӣ ва ғайрианъанавии шуғл, вазифа ва самтҳои рушди ин ниҳод таҳия дода шаванд.

 

9. Тезонидани равандҳои рақамикунонии ҷараёни бокортаъминкунӣ, шуғл ва бозори меҳнат, ҳам дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳам дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ берун аз ҳудуди Тоҷикистон.

 

10. Тақвият бахшидан ба таҳияи сиёсати демографӣ ҳамчун омили таъмини амнияти миллӣ, бо назардошти стандартҳои таълим ва таҷрибаи андӯхтаи Институти таҳқиқотҳои демографии Академияи илмҳои Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи кадрҳои коргарӣ, ки ба талаботи кордиҳандагон ҷавобгӯ мебошанд, аз тариқи санҷишҳои тестӣ ва додани патентҳо.

 

11. Ҷадвали Ягонаи Тарифии Тахассусии (ҶЯТТ) амалкунанда ба талаботи муосири бозори меҳнат ҷавобгӯ набуда, он  касбҳои нав, технологияҳои навро ба инобат намегирад ва ба таҷдид ниёз дорад. Бинобар ин зарур аст, ки ҶЯТТ аз нав таҳия шавад. Ин вазифа хусусияти байнисоҳавӣ дошта, бояд дар асоси машварат бо корфармоён ва бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои гуногун, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

 

12. Таъмини бехатарии меҳнат, ҷорӣ намудани воситаҳои техникаи бехатар ва истеҳсоли воситаҳои махсуси муҳофизати инфиродиро талаб мекунад, ки дар ҷумҳурӣ амалан вуҷуд надоранд ва эҳтиёҷот аз ҳисоби воридот, тавассути шабакаҳои ғайридавлатӣ қонеъ гардонда мешавад. Бинобар ин, истеҳсоли воситаҳои муҳофизати инфиродиро дар худи ҷумҳурӣ ба роҳ мондан ё хариди давлатии мутамаркази онҳоро роҳандозӣ кардан лозим аст.

 

13. Таҳия намудани маҷмӯи санадҳои меъёрӣ оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, бо назардошти ҳамоҳангсозии фаъолияти шуъбаҳо ва бахшҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликияти онҳо, махсусан дар корхонаҳои калони соҳаҳои алоҳида (саноат, кишоварзӣ, нигаҳдории тандурустӣ, нақклиёт ва ғайра), зарурат дорад.

 

14. Гузаронидани курсҳои омӯзишӣ оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати коргарон бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

 

15. Коркард намудани механизми ташкилию иқтисодии бамеъёргирии меҳнат, баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокии меҳнат, таъмини рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва зиёд намудани андозаи музди меҳнати кормандон, ки мушкилоти бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври назаррас ҳал мекунад.

 

16. Истифодаи сермаҳсули ҷойҳои корӣ зарурати аттестатсияи ҷойҳои кориро ҷиҳати муайян намудани мутобиқати онҳо ба талаботи муосири истеҳсолоти инноватсионӣ ва бехатар ба миён меорад. Аммо, дар ҷумҳурӣ ягон ташкилоти махсусгардонидашуда нест, аз ин лиҳоз зарурати таъсис  додани чунин ташкилот ба миён омадааст.

 

17. Дар муддати кӯтоҳтарин бояд:

 

- ҶЯТТ-и нави соҳаҳо таҳия ва тасдиқ карда шавад, ки ин ба таври назаррас вазифаи коркард ва тасдиқи Стандарти салоҳияти ҳар як касбро, ки аз муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр кардани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» аз 29 январи соли 2021, № 1761, инчунин моддаҳои 141, 147-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, осон мегардонад;

- Таснифгари давлатии касбҳои коргарӣ, мансабҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмил дода шавад;

- ба раванди барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ тайёр намудани  мутахассисони соҳаи бамеъёргирии меҳнат суръат бахшида шавад;

- дар асоси принципҳои такмилёфтаи бамеъёргирии меҳнат низоми  ҳисобу китоби музди меҳнати коргарони кироя таҷдиди назар карда шавад.

 

18. Ҷалбсозии диққати роҳбарони давлатҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирон дар ҳудуди давлатҳо-аъзои ИДМ ба зарурати:

 

- баланд бардоштани сатҳи омодагии пешазсафари муҳоҷиратии шаҳрвандони худ;

- ба инфрасохтори мусоидаткунанда ба будубоши расмии муҳоҷирони меҳнатӣ дар мамлакати қабулкунанда таҳким бахшида шавад.  Танҳо хизматрасониҳои боэътимоди расмӣ (ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва ғайра) метавонанд аз бозор хизматрасониҳои ғайрирасмиро танг карда бароранд;

- фаъолгардонии корҳои муштарак оид ба ташкили таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси намояндагони салоҳиятнок дар соҳаи муҳоҷирати мақомоти давлатҳо-аъзои ИДМ.

 

19. Ба Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои таркибии он:

 

- дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин диаспораҳо,  омода намудани пешниҳодот оид ба таъсис додани Фонди дастгирии муҳоҷирони  меҳнатӣ  ва аъзои оилаи онҳо зарур аст;

- мусоидат кардан ва татбиқ намудани  чорабиниҳо оид ба мутобиқшавии иҷтимоӣ ва фарҳангии муҳоҷирон, бо мақсади ташаккулёбии шароити бароҳати мутақобилаи муҳоҷирон ва ҷомеаи қабулкунанда, бартарафсозии сабабҳо ва шароитҳои ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидаткунанда;

- барои фаъолияти агентиҳои хусусии шуғл фазои ҳуқуқӣ фароҳам сохтан ва ба тартиб овардани он (дар заминаи таъсиси доираи ҳуқуқӣ), мавриди истифода қарор додани технологияи нави кадрӣ, ба монанди лизинги қувваи корӣ ва ғайра;

 

20. Бо назардошти он ки муҳоҷирони меҳнатии баргашта дар давраи кунунӣ аксаран шаҳрвандони бекор маҳсуб меёбанд, аз ин лиҳоз ҳаллу фасл намудани масъалаи сари вақт ба қайд гирифтани онҳо дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳалли зист ва расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба онҳо мувофиқи мақсад мебошад.

 

21. Зарур аст, ки азнавмутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатии баргашта ва аъзои оилаи онҳо таъмин карда шавад, марказҳои азнавмутобиқшавӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шаванд, ба муҳоҷирони хориҷшуда ва депортатсияшуда касбҳои дар бозорҳои меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талаботдошта, инчунин забони дигар давлатҳо-қабулкунандаҳо омӯзонида шавад.

 

22. Бо мақсади ҳаллу фасли маҷмӯи масоили марбути азнавмутобиқгардии муҳоҷирон ва аҳли оилаҳои онҳо, инчунин бо назардошти мушкилоти мавҷуда, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ татбиқ намудани тадбирҳои амалӣ оид ба ҷобаҷокунӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ҳаётии шаҳрвандони худ дар Ватан зарур мебошад.

 

23. Таъсиси низоми доимоамалкунандаи мониторинг ва арзёбии талаботи бозори меҳнат дар хориҷа, аз ҷумла талабот ба кадрҳои касбҳои гуногун, инчунин омодагардонии номгӯйи касбҳои барои мамлакат дар самти бокортаъминкунӣ зарурбуда.

 

24. Пешбинӣ намудан ва қонунан муқаррар кардани тадбирҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии хориҷиро барои таъсиси кори хусусӣ (бизнес-инкубаторҳо, қарзҳои имтиёзнок, имтиёзоти андозӣ ва ғайра) ҳавасманд мегардонанд, ки ин ба мустаҳкамшавии муносибатҳо дар оилаҳои муҳоҷирон мусоидат мекунад, дастрасӣ ба суғуртаи иҷтимоиро вусъат мебахшад, манбаи андозбандишавандаро афзоиш медиҳад.

 

25. Татбиқи барномаи танзими «муҳоҷирати зеҳнӣ» зарур мебошад. Ба он бояд ноил гардид, ки ин муҳоҷират барои ҷомеа дар шакли нисбатан қобили қабул (дар асоси қарордод, ба муҳлати муваққатӣ рафтан, қатъ гардидани муҳоҷирати ғайрирасмӣ ва ғайра) сурат гирад. Дар баробари ин, дар ҳамин марҳала татбиқ намудани чораҳои таъҷилӣ барои ҳифзи кадрҳои соҳибихтисос ва фароҳам сохтани шароитҳои муносиби эҷодӣ зарур аст.

 

26. Ба вуҷуд овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ - танзимкунандаи равандҳои муҳоҷирати хориҷӣ, ки таҳияи лоиҳаҳои қонунгузориҳо оид ба вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мақсади анҷом додани фаъолияти меҳнатии онҳо пешбинӣ менамояд.

 

27. Васеъ истифода бурдани иқтидори диаспораҳо ба ҳайси шарикон барои азнавмутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатии баргашта (истифода бурдан аз таҷрибаи Ҷумҳурии Арманистон).

 

28. Гузаронидани мониторинги вазъ ва муайян намудани минтақаҳои осебпазири мамлакат, ки дар он ҷойҳо теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта вуҷуд дорад.

 

29. Бо мақсади татбиқи Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи ҳамаҷонибаи рамзҳои таснифоти номбурда дар ҳамаи мақомот ва ташкилотҳои мамлакат, новобаста аз шакли таъсиси ҳуқуқӣ ва моликият, аз ҷумла ҳангоми ба кор қабул кардани шаҳрвандон ва дар ояндаи наздик ҷорӣ намудани дафтарчаҳои меҳнатии рақамӣ.

 

30. Ба омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, корҳои таълимӣ ва илмӣ бо масъалаҳои муҳоҷират алоқаманд гардонида шаванд, яъне ба муҳоҷирати таҳсилотӣ диққат дода шавад.

 

31. Табодули илмию таълимӣ байни олимон, мутахассисони Россия ва Тоҷикистон ҷиҳати тахассуснокии муҳоҷират тақвият дода шавад.

 

32. Роҷеъ ба масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғл барои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳҳо дар Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” сӯҳбатҳо ё мизи мудаввар (ҳар семоҳа як маротиба)доир карда шавад.

05.11.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ