30 апрели соли 2026 мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо котиби давлатии Вазорати корҳои иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи музофоти федеролии Бавария Тобиас Готтҳардт баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҳамчун нишонаи равшани эътимоди мутақобила, эҳтироми тарафайн ва иродаи устувори ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти федеролии Бавария арзёбӣ намуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иброз намуд, ки сафари расмии ҳайати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар моҳи июли соли 2025 барои густариши ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам оварда, дар доираи он мулоқотҳои судманд бо намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва муассисаҳои таълимӣ баргузор гардида, дар натиҷа, ҷонибҳо ба мувофиқаҳои мушаххас, аз ҷумла дар самти роҳандозии барномаҳои омӯзиши забон, такмили ихтисоси омӯзгорон ва рушди низоми дуалии таҳсилоти касбӣ ноил шуданд. Ҳамчунин, имзои Ёддошти тафоҳум бо ширкати TELC GmbH ҳамчун қадами муҳим дар омодасозии шаҳрвандони Тоҷикистон ба бозори меҳнати байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки таҳкими ҳамкориҳо метавонад ба ташкили механизмҳои муассир ва шаффофи ҳамкорӣ дар бозори меҳнат мусоидат намуда, барои баланд бардоштани сатҳи касбияти неруи корӣ ва рақобатпазирии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварад. Дар анҷоми мулоқот омодагии ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати олмонӣ таҳти роҳбарии котиби давлатии Вазорати корҳои иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи музофоти федеролии Бавария Тобиас Готтҳардт ва намояндагони Вазорати давлатии иқтисодиёт, рушди минтақавӣ ва энергетикаи Бавария, Агентии шуғли аҳолӣ, Палатаи ҳунарҳои Мюнхен ва Баварияи Боло, Нидербайерн – Оберпфалц, Иттиҳодияи иқтисоди Бавария, Маркази омӯзишии иқтисоди Бавария (bbw) gGmbH ва ширкати TELC GmbH дар Тоҷикистон қарор доранд.
Дар доираи сафар меҳмонон аз Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” дидан намуда, бо раванди омодасозии мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар аз наздик шинос шуданд ва ба рафти машғулиятҳои назариявию амалии ҷараёндошта дар гурӯҳҳои кафшергари барқӣ, таъмири автомобил ва қаннодӣ баҳои баланд доданд.