img
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз, 2 юми августи соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур шарикони иљтимоӣ: Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Доир ба иҷрои Созишномаи мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини вазир, Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – раиси Федератсия Маликшоҳ Неъматзода, ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон – иҷрокунандаи раиси Иттиҳодия Акрамов Айёмбек гузориш доданд.

Зикр гардид, ки танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва дар заминаи он субботи ҷомеа ва пешрафти он аз низоми самараноки шарикии иҷтимоӣ дар давлат вобастагии калон дорад.

Вобаста ба ањамияти муҳими ин масъала Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2019 барои таҳкими пояҳои шарикии иҷтимоӣ ва ба ин васила танзими самараноки муносибатҳои меҳнатӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои кишвар як қатор дастуру супоришҳо доданд.

Дар ин замина соли дуюм аст, ки Созишномаи генералї байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2021-2023 мавриди амал қарор дорад.

Созишномаи генералӣ ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он аз 11 бахш: сиёсати иқтисодӣ; музди меҳнат, даромадҳо ва сатҳи зиндагии аҳолӣ; рушди бозори меҳнат ва шуғли пурмаҳсул; ҳифзи иҷтимоӣ, кафолатҳо ва суғуртаи иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат; рушди сайёҳӣ; таъминоти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ; танзими шарикии иҷтимоӣ; танзими фаъолияти тарафҳо ва 79 банд иборат буда, барои иҷрои ҳар банди он вазорату идорањо, мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ масъул мебошанд.

Дар ин робита, вазорату идораҳо дар якҷоягӣ бо шарикони иҷтимоӣ муқаррароти Созишномаи генералиро ба роҳбарӣ гирифта, бо мақсади танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, баланд гардидани сатҳи шуғлнокии аҳолӣ, такмилдиҳии муҳити соҳибкорӣ, рушди сайёҳӣ, ташаккули бозори меҳнат ва шуғли пурмаҳсул, тақвияти суғуртаи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ корҳои муайянеро ба сомон расонидаанд.

Дар ҷаласа, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ муҳтарам Матлубахон Сатториён доир ба ҷараёни иҷрои бахшҳои алоҳидаи Созишномаи мазкур аз намояндагони вазорату идораҳо пурсиш намуданд.

Тарафҳои созишномаи мазкур ҳамаи масъалаҳои марбут ба татбиқи ин санадро мавриди муҳокима қарор доданд.

Қайд гардид, ки дар маҷмӯъ дар ин давра аксарияти муқаррароти Созишномаи генералӣ ва бандҳои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он, иҷро гардидаанд.

Дар хотима, Тарафҳо тасмим гирифтанд, ки дар ҷамдастӣ фаъолиятро ҷиҳати иҷрои саривақтии Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тақвият бахшида, барои таҳкими шарикии иҷтимоӣ, танзими самараноки муносибатҳои иҷтимою меҳнатӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

03.08.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ