Дирӯз, 13 июни соли ҷорӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ мухтарам Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Зарина Файзулло ва аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд.
Тибқи рӯзнома, нахуст маърӯзаи муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Меҳнат”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода аз натиҷаи фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Дар ҳисобот қайд гардид, масъалаҳои бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудан ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани аҳолӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди муносибатҳои меҳнатӣ ва беҳтар намудани некуаҳолии мардум масъалаҳое мебошанд, ки сиёсати давлатӣ дар ин самтҳо аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тадбиқ карда мешаванд.
Бо назардошти он, ки масъалаҳои болозикр ҳамчун ҳадафҳои Оинномавию Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муайян гардидаанд, аз ҷониби аъзои ҳизб дар самтҳои мазкур корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Аъзои ҳизб дар такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолона ширкат варзида, дар таҳияи лоиҳаи 26 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Консепсияи шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 саҳм гузоштанд.
Ҳамзамон, дар маърӯза вобаста ба иштироки ҳизбиёни вазорат дар маъракаи обунаи соли 2021, иштирок дар шанбегиҳо ва дигар чорабиниҳои сиёсӣ, фаъолият дар самти пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ҳизбӣ маълумот дода шуд.
Дар муҳокимаи ҳисобот муовини вазири меҳнат, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нурулло Маҳмадуллозода ва сардори шуъбаи таълими калонсолон ва ҳунармандӣ Ормонов Муталиб иштирок намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ташаббусҳои ҳизбӣ ва пешравию комёбиҳои ҳизбиёни вазоратро дар муддати давраи ҳисоботӣ ёдовар шуданд.
Муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Хормурод доир ба ҳадафҳои Оиномавии ҲХДТ сухан карда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Меҳнат”-ро дар давраи ҳисоботи қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи мачлис бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ дар давраи ҳисоботӣ бо ҷонибдории ҳамаи аъзои хизб Амонзода Ширин Шодӣ ба ҳайси раис ва Абдулғаффор Раҳмонзода ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” интихоб гардиданд. Инчунин бо ҷонибдории кулли аъзои ҳизб Амонзода Ширин Шодӣ ба хайси вакил барои иштирок дар Конференсияи ХХХХ11 ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пешбари гардид.
Дар фарҷом аз тарафи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳбарият ва як гурӯҳ аъзои ҳизб барои саҳми арзанда дар корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, таҳким бахшидан ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфуз ва устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа Сипосномахо тақдим карда шуданд.