Истиқлоли давлатӣ дастоварди нодиртарини миллати тоҷик буда, он калиди асосии амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳими миллӣ гашт.
Дар ин замина ба мардуми шарифи тоҷик муяссар шуд, ки ба ташкили шаклу низоми давлатдорӣ даст ёфта, ба муваффақиятҳо ноил гардад.
Ташаккули сохтори бисёрҳизбӣ яке аз ниҳодҳои асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, маҳз чунин сохтор сарчашмаи ҳокимият будани халқро аз ҳар ҷиҳат таъмин менамояд.
Таҷрибаи аксар давлатҳо исботи он аст, ки яке аз механизмҳои рушди давлат ва зиндагии шоистаи мардум аз фаъолияти пурсамари ҳизбҳои сиёсии миёни мардум мавқеи устувордошта вобастагии зиёд дорад.
10-уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки меъмори он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Барномаи ҳизб пурра фарогир аз манфиатҳои миллӣ буда, фаъолияташ бо сарварии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Барнома ва Оинномаи мушаххас ва фарогир аз манфиатҳои миллию давлатӣ ба таври самаранок ба роҳ монда шуд.
То имрӯз фаъолияти ҳизб собит месозад, ки мақоми он дар роҳи амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хеле назаррас ва барҷаста мебошад.
Имрӯз таҳти сарварии Пешвои миллат ҲХДТ ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор ва муттаҳидкунанда табдил ёфта, шумораи аъзои он аз ҳисоби шахсони донишманду ватандӯст ва масъулиятпазир зиёд гардида истодааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҲХДТ бо фаъолияти пурсамари худ дар рушду пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир гузошт.
Маҳз таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат халқ дар фурсати кутоҳ ба ҳаёти осоишта расид.
Муҳимтар аз ҳама, дар қаламрави Тоҷикистон фазои ягонаи сулҳу дӯстӣ барқарор шуд. Садҳо иншооти ҳаётан муҳим, корхонаҳои муосир, роҳу пулҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ бунёд шуданд, ки дар амалӣ намудани ин иқдоми бузург саҳми Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад.
Нақши ҳизбиён дар баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ назаррас мебошад.
Саҳми аъзои ҳизб дар амалӣ намудани қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Стратегияи амалӣ намудани муқовимат бо коррупсия" ва "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм" хеле назаррас мебошад.
Мо дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб фаъолияти худро ба роҳ монда, пайваста миёни мардум ҳастем ва дар ҳалли мушкилоти онҳо талош менамоем. Алҳол пешорӯйи мо вазифаи хеле масъулиятнок - бо дастовардҳои азими меҳнатӣ сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои бузург - 29-солагии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст.
Бинобар ин, бо мақсади ба таври шоиста ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаҳои таърихӣ бо омодагии ҳамаҷониба дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб фаъолияти худро баҳри татбиқи самараноки барномаҳои қабулгардида ва амалӣ намудани ғояҳои созандаи ҳизб дар ҷомеа равона кардаем.
Ҳадаф ва мароми ҳизбро, ки дар он манфиатҳои кулли ҷомеаи кишвар ва ҳамаи қишрҳои мардум ҳимоя мешаванд, дар амал татбиқ намоем ва ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои дарпешистода саҳмгузор бошем.
Каримова Заррина,
муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ
“Муҳоҷир”-и Хадамоти муҳоҷират