img
ПОСИ ХОТИРИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ

Роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои тобеи он дар оромгоҳи «Лучоб»-и шаҳри Душанбе бо гузоштани гулчанбар назди оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад, ки мушти хоки онҳо бо ташаббуси Пешвои миллат ба Ватан оварда шуд, ба хотираи неки онҳо эҳтиром гузоштанд. 

 

Зимни маросим вазир саҳми арзишманд ва мондагори онҳоро дар давраҳои ҳассоси таърихӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон таъкид намуда, иқдоми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардондани мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат, ҳамчун рӯйдоди муҳим ва нишонаи эҳёи адолати таърихӣ арзёбӣ карданд.

 

Ҳамзамон таъкид шуд, ки ба насли ҷавони миллат мероси гаронбаҳои таърихӣ, хизматҳои арзишманди қаҳрамонони миллӣ ва сабақҳои ватандӯстиву давлатдорӣ бояд пайваста тарғибу ташвиқ карда шаванд.

08.06.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ