img
Гузориши матбуотӣ аз натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025

 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои танзимкунандаи фаъолият ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 корҳои муайянро амалӣ намуд. 

Такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ. 


Дар нимсолаи якуми соли 2025 бо мақсади рушди низоми қонунгузории соҳа ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ 5 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид. Айни замон бо назардошти лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соли 2024 таҳияшуда, 5 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо ва 7 лоиҳаи санади ҳамкорӣ дар марҳилаи мувофиқасозии тарафҳо бо кишварҳои гуногун қарор доранд.

Муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ. 


Натиҷаи татбиқи самараноки стратегияву барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуда, ба ҳолати 1  июни соли 2025 музди миёнаи меҳнати кормандони ҳамаи соҳаҳои ҷумҳурӣ–2665,9 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,2 фоиз ё 519,9 сомонӣ зиёд шудааст. 


Дар соҳаҳои маориф – 2441,92 сомонӣ, тандурустӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ – 1951,61 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш – 2305,33 сомонӣ, мақомоти идоракунӣ, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ – 2275,67 сомониро ташкил  медиҳад. 
Музди миёнаи меҳнати кормандони кироя дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июни соли 2025 дар ВМКБ – 2333,7 сомонӣ, вилоятҳои Суғд – 2529,4 сомонӣ, Хатлон –  2191,9 сомонӣ, шаҳри Душанбе 3510,8 сомонӣ  ва ШНТҶ – 2282,8 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ВМКБ – 503 сомонӣ ё 27,4 фоиз, вилоятҳои Суғд – 552,7 сомонӣ ё 27,9 фоиз, Хатлон – 511,5 сомонӣ ё 30,4  фоиз, шаҳри Душанбе – 478,7 сомонӣ ё  15,7 фоиз ва ШНТҶ –  500,5  сомонӣ ё  28,0 фоиз афзудааст.


Ба ҳолати 1 июни соли 2025, дар маҷмуъ, 50 адад созишномаи минтақавӣ ва соҳавӣ барои солҳои 2024 - 2026 ба имзо расида, дар вазорат ба қайд гирифта шуданд. Дар ҷумҳурӣ 35489 корхона, муассиса ва ташкилот фаъол буда, аз ин шумора 18952 адад ҳуқуқи имзо намудани шартномаҳои коллективиро доранд, ки ба ҳолати 1 июни соли равон шумораи шартномаҳои коллективии баимзорасида ва бақайдгирифташудаи корхонаву муассисаҳо 17137 адад ё 90,4 фоизро дар бар мегиранд.


Давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ оид ба ҳолати риояи қонунгузории соҳа фаъолияти 998 адад субъекти хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шудааст, ки 908 адади он санҷишҳои нақшавӣ ва 90 адади он санҷишҳои ғайринақшавӣ мебошанд.  Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 5182 адад қонунвайронкунӣ ошкор гардиданд, ки аз ин 3853 адад ба масъалаҳои меҳнат, 1056 адад ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 30 адад ба масъалаҳои муҳоҷират ва 243 адад ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ иртибот доранд.

Бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ. 


Шумораи аҳолии дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул ба ҳолати 1 майи соли 2025 – ум 2748,7 ҳазор нафарро ташкил намуда, 49,3 ҳазор нафар расман мақоми бекорро гирифтанд, ки 1,8 фоизи қувваҳои кориро ташкил дод. Аз шумораи умумии аҳолии бо кор машғул, шахсони дар рӯйхатбудаи кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ 1280,8 ҳазор нафар ё 46,6 фоизи шумораи умуми аҳолии машғулро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 фоиз афзоиш ёфтааст. 


Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 79870 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 62399 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 33802 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027, дар маҷмуъ, 41205 нафар шаҳрванди бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойҳои кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 305 нафар ё 0,7 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҷумла, тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 4640 нафар, корҳои фардӣ 1199 нафар, тариқи ҷалб ба корҳои ҷамъиятии музднок 3478 нафар, илова ба ин тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9179 нафар дар марказҳои таълимӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд ва ба 9550 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардид. Бо мақсади мусоидат намудан ба шаҳрвандони бекор барои дарёфти ҷойи кор аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 509 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар натиҷа 10771 нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.


Ҳамин тавр, дар нимсолаи якуми соли 2025, дар маҷмуъ, 106,6 ҳазор нафар аз хизматрасониҳои давлатии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархӯрдор гардида, иҷрои нишондиҳандаи барнома дар ин давра ба андозаи 61,6 фоиз таъмин карда шуд. 
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои дастгирии бекорон тавассути рақамикунонии соҳа  дар доираи татбиқи қисмати 2-и “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  таъсиси Системаи иттилоотии бозори меҳнат (СИБМ) ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 73 раёсат шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо 281 адад компютер, 178 адад принтер, 260 миз , 260 адад курсӣ, 184 адад курсӣ барои қабули шаҳрвандон ва 96 ҷевон барои пешбурди фаъолият таъмин карда шуданд. Ҳамчунин, барои муайян ва пайгирӣ намудани малакаҳо дар бозори меҳнат “Тадқиқоти сифатӣ ҷиҳати таҳлили малакаҳо, касбҳо ва тадқиқоти тиҷоратӣ барои Барномаи фарогирии иқтисодӣ” гузаронида шуда, 20 касбу ихтисоси дар бозори меҳнат бештар талаботдошта муайян карда шуданд.

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ. 


Мувофиқи маълумоти оморӣ давоми се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 42812 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст, аз ҷумла 18798 ё 44,0 фоиз ҷойи кори доимӣ, 11177 ё 26,1 фоиз ҷойи корӣ муваққатӣ ва 12018 ё 28,1 фоиз ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд. Ҳамчунин, дар ин давра 92 ҷойи кори иловагӣ таъсис ва 727 ҷойи корӣ барқарор шуданд.


Дар бахши воқеии иқтисодиёт 23766 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, ки ин 55,5 фоиз ва дар бахши хизматрасонии иқтисодиёт 19046, ки 44,5 фоизи ҷойҳои нави кории умумиро ташкил медиҳанд. Бештари ҷойҳои корӣ дар бахши воқеӣ асосан дар соҳаҳои кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ - 10685 ҷой, саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок – 540 ҷой, саноати коркард - 3015 ҷой, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво - 28 ҷой, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа - 80 ҷой, сохтмон – 9418 ҷойи корӣ, ғайр аз ин, дар бахши хиз  матрасонӣ дар соҳаи савдои яклухт, чакана ва таъмир - 6603 ҷой, нақлиёт ва хоҷагии анбор - 1969 ҷой, меҳмонхона ва тарабхонаҳо - 484 ҷой, иттилоот ва алоқа - 416 ҷой, фаъолияти молиявӣ ва суғурта - 524 ҷой, амалиёт бо амволи ғайриманқул - 410 ҷой, фаъолияти касбӣ, илмӣ ва техникӣ - 937 ҷой, фаъолияти идоракунӣ ва ёрирасон - 187 ҷой, идоракунии давлатӣ, мудофиа, таъмини амният ва суғуртаи иҷтимоӣ – 440 ҷой , маориф - 2726 ҷой, тандурустӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ - 502 ҷой, фаъолият дар соҳаи санъат, ташкили чорабиниҳои дилхушкунанда ва истироҳат 412 ҷой, дигар намуди хизматрасониҳо – 3380 ҷой ва фаъолияти ташкилотҳо ва намояндагиҳои хориҷӣ 56 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор. 


Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир”, марказҳои таълимии низоми Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 36294 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар муасисаҳои таълимӣ 9179 нафар, тавассути худмаблағгузорӣ 7828 нафар ва тибқи Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия 7104 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд, ки аз шумораи умумии ин нишондиҳанда 24111 нафар танҳо тавассути марказҳои таълимӣ низоми вазорат анҷом дода шудааст. Бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тавассути роҳхатҳои иловагӣ 12183 нафар дар дигар марказҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта тавассути худмаблағгузорӣ ба курсҳои тайёрии касбӣ сафарбар гардида, нишондиҳандаи солонаи барнома дар сатҳи  42,5 фоиз  таъмин карда шуд. 


Дар ин давра тавассути марказҳои рушди малакаҳои касбӣ, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ 961 нафар ба касбомӯзӣ аз рӯйи 18 касб, инчунин омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ фаро гирифта шуданд.  Дар маҷмуъ, дар ин давра 2777 нафар тавассути муассисаҳои таълимии низоми вазорат ба забономӯзӣ ҷалб карда шудаанд.  Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар давраи ҳисоботӣ  дар муассисаҳои таълимии низом 6604 нафар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ҷалб гардиданд.


Бояд қайд намуд, ки соли дуюм аст, барои дарёфти грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2024, №73 “Дар бораи таъсис додани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026” ба малбағи 1,5 млн. сомонӣ барои 60 нафар тасдиқ гардидааст, озмун эълон карда мешавад. Соли 2024 аз 48 лоиҳаи пешниҳоднамудани ҳунармандон 20 лоиҳа ғолиб дониста шуд. Барои соли 2025 аз 1 март озмун эълон шуда, 70 лоиҳаи дархостии ҳунармандон ба комиссияи грантӣ барои баррасӣ пешниҳод гардид.  Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин армуғон” баргузор гардида, дар се даври он зиёда аз 400 нафар ҳунарманд иштирок намуд. 


Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунармандӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон 7 нафар омӯзгор ва ҳунарманди ихтисосҳои гуногун бо мақсади табодули таҷриба ва шиносоӣ бо раванди касбомӯзӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. 


Теъдоди ҳунармандон мувофиқи маълумоти оморӣ 19257 нафарро ташкил медиҳад.  Барои ташкили махзани маълумот шакли ҳисоботи омории  1- шурои ҳунармандӣ таҳия ва бо фармоиши дахлдори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ҷамъоварии маълумот аз 1 январи соли 2025 оғоз гардид.

Муҳоҷирати аҳолӣ. 


Давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои дахлдор ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон идома ва тақвият ёфт. Аз ҷумла, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ - оид ба коркарди роҳҳои беҳтарсозии вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар  ҳудуди Федератсияи Россия рӯзҳои 28 – 31 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Москва дар музокироти байниидоравӣ бо Федератсияи Россия, зимни  мулоқоти дуҷониба бо вазири захираҳои инсонӣ ва рушди иҷтимоии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва раиси ширкати захираҳои инсонии “Арко” - и Арабистони Саудӣ, сафари ҳайати Федератсияи Россия  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, шинос шудан бо имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахассисон барои фаъолияти меҳнатӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва як қатор мулоқоту вохӯриҳои дигар баррасӣ гардиданд.


Илова бар ин, лоиҳаи Ёддошти ҳамкорӣ дар бораи асосҳои заминавии ҳамкории иттилоотӣ оид ба роҳандозии низоми захираҳои инсонии хориҷии дорои мақоми “Мутахассиси сохибмалакаи махсус” бо ҷониби Япония рӯзи 28 январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, феълан ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳо бо ҷониби Япония вазорат ҳамкориро бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония ба роҳ монда, ҷиҳати пайдо намудани корфармо дар Ҷумҳурии Япония гуфтушунидҳо ҷараён доранд. 


Ба дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он 18263 нафар шаҳрванд, ки аз онҳо 16026 нафар тариқи шифоҳӣ, 84 нафар муроҷиати хаттӣ ва 535 нафари онҳо бо телефони боварӣ муроҷиат карданд.  Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 3890 нафар, ки дар рӯйхати манъшудагон дар махзани маълумот мавҷуд буданд, онҳо аз сафари бебарор баргардонида шуданд. 


Аз теъдоди умумии шумораи болозикр 3403 нафарро мардон ва 487 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки тибқи муқаррарот ба 1480 нафар тавсия ба касбомӯзӣ ва ба 1067 нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуда, дар натиҷа 498 нафар соҳиби касб ва 287 нафар дар дохили ҷумҳурӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.  Дар ин давра ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3927 нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан бозгашта муроҷиат намуданд, ки аз ин теъдод 3298 нафар мард ва 602 нафар зан мебошанд.


Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 596 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 428 нафар ба тайёрии касбӣ ва 224 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб ва ба 105 нафар пардохти қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан соҳибкории хурд дода шуда, ба 2574 нафар машварати касбӣ  расонида шуд. Дар маҷмуъ, 7817 нафар муҳоҷири меҳнатии ба ватан бозгашта аз хизматрасониҳои сохторҳои вазорат истифода намудаанд.


Ҳамзамон, дар ширкатҳое, ки иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ доранд, 51599 нафар бо кор таъмин шуда, аз ин теъдод корманди маҳаллӣ 46876 нафар ва 4723 нафар корманди хориҷӣ мебошанд, ки таносуб дар ин ширкатҳо ба ҳисоби миёна 90,8 % ба 9,1 % - ро ташкил додааст. Дар ин давра аз ҷониби 29 субъекти хоҷагидори дорои иҷозатномаи  барои  интиқол додани қувваи корӣ 8827 нафар (ба ҳолати 25 июли соли ҷорӣ 9478 нафар), аз ҷумла, тавассути Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”- и вазорат 5648 нафар муташаккилона барои кор ба хориҷи кишвар сафарбар карда шуданд. 


Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони масъули сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор 2093 вохӯрӣ ва суҳбатҳо бо ҷалби 371325 нафар гузаронида шуд. Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохӯриҳо ин пеш аз ҳама фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва ғайра мебошад. 
Ҳамзамон, ҷиҳати барӯйхатгирии шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳурӣ, ки дар руйхати “Шахсони назоратшаванда” қарор доранд, дар барномаи электронӣ аз ҷониби кормандони масъули  Хадамоти муҳоҷирати вазорат дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамарӯза иттилоот оид ба шаҳрвандон ворид карда шуда, ба ҷониби Федератсияи Россия пешниҳод карда мешаванд, ки дар натиҷа 63685 нафар аз ҷониби мақомоти дахлдор аз рӯйхат гирифта шуда, зиёда аз 23 ҳазор нафар шаҳрванди мо дар ҳудуди Федератсияи Россия будубоши худро қонунӣ гардонидаанд. 
Давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 27635 муроҷиату дархости муҳоҷирони меҳнатӣ ворид ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 27345 нафар муроҷиати шифоҳӣ ва 290 нафар муроҷиати хаттӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷониби Намояндагӣ аз 28 муроҷиат 7 қарори суд бекор гардида, ба 13 нафар вобаста ба кушодани манъи вурудашон мусоидат гардида, ба 27 нафар муҳоҷири меҳнатии эҳтиёҷманд дар Федератсияи Россия дар ҳамдастӣ бо диаспорҳои тоҷик ба маблағи 1 млн. 216,5 ҳазор рубл  кумакҳои моддӣ расонида шуда, дар доираи ҳамкории доимӣ бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия 15 млн. 275,1 ҳазор рубл музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирон, аз ҷониби корфармоён ва шахсони воқеӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шудааст. 
Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ  Намояндагӣ 45 вохӯриву мулоқот бо мақомоти қудратии Федератсияи Россия ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, 95 вохӯриву мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ, ҷиҳати тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротгароӣ, 40 вохӯрӣ ва тамоси маҷозӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон гузаронида шудааст, ки аз ин муҳоҷирони меҳнатӣ барои худ маълумоти муфид дастрас намудаанд. Бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, ҷиҳати муайян намудани дурнамои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ ва экологӣ, банақшагирӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, тадбирҳои амалӣ андешида шуда, ба 175 оилаи муҳоҷири дохилӣ баробар ба  55 фоизи нақшаи солона ва ба  86 хоҷагии муҳоҷири экологӣ  баробар ба 49 фоизи нақшаи солона қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид.


Робитаҳои байналмилалӣ. 


Вазорат бо мақсади тақвияти рушди соҳа дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир бо як қатор мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар маҷмуъ, бо 15 давлат (Федератсияи Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Қатар, Қувайт, Амороти  Муттаҳидаи Араб, Хитой, Япония ва Корея) 37 шартномаи байналмилалӣ дар самтҳои марбут ба соҳаҳои фаъолиятро ба имзо расонидааст, ки  мавриди амал қарор доранд, аз ин 13 адад ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шудааст.


Айни замон, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба, маҷмуан 9 лоиҳаи санади ҳамкории байналмилалӣ таҳия гардида, дар мувофиқасозии тарафҳо қарор доранд, аз ҷумла бо Гурҷистон, Лаҳистон, Сербия, Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Федератсияи Россия (2 адад) ва Хорватия (2 адад). 


Дар сохтори вазорат Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ба омӯзиши масъалаҳои бозори меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ, танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, меъёрбандӣ ва музди меҳнат, таълимоти касбӣ ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ машғул буда, айни замон олимон ва ходимони илмии соҳа корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба мавзуъи “Асосҳои иҷтимоӣ-меҳнатии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои соли 2025 дар самтҳои “Омӯзиши равандҳои демографӣ ва таъсири он ба рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дурнамои такмили системаи шуғли пурмаҳсул” идома дода истодаанд. 

 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
 аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

29.07.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ