img
ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ

30 апрели соли 2026 дар вазорат Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисони ҷавони соҳибтахассус миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати давлатии иқтисодиёт, рушди минтақавӣ ва энергетикаи Бавария аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва котиби давлатии ҷониби Бавария Тобиас Готтҳардт ба имзо расонида шуд.

 

Зимни суханронӣ дар маросими баимзорасонӣ таъкид гардид, ки Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисони ҷавони соҳибтахассус марҳилаи нави рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро оғоз бахшида, нишонаи азми қавии тарафҳо барои дар  амал татбиқ намудани ташаббусҳои муштарак мебошад.

 

Зикр шуд, ки ин санад барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, имкониятҳои навро дар самти ҷалби мутахассисони ҷавон, рушди иқтидори кадрӣ ва мутобиқсозии бозори меҳнат ба талаботи муосир муҳайё месозад.

 

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи Ёддошти тафоҳум ба густариши ҳамкориҳои институтсионалӣ, мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии неруи корӣ мусоидат хоҳад кард. Дар анҷом омодагии ҷонибҳо барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи самараноки муқаррароти санади баимзорасида таъкид гардид.

01.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ