img
Шарҳи вазъи бозори меҳнат дар Тоҷикистон

Имрӯз, 14 июни соли равон ҳамоиш дар мавзуи «Шарҳи вазъи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, ҳайати коршиносони Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Фонди Таҳсилоти Аврупо, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, масъулини вазорат ва олимони МД «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» баргузор гардид.


Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки ҳамкориҳои вазорат бо Иттиҳоди Аврупо ва Фонди Таҳсилоти Аврупо собиқаи тулонӣ дорад ва бо дастгирии Фонди Таҳсилоти Аврупо дар ҳамкорӣ бо МД «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» тадқиқот таҳти унвони «Вазъи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» анҷом дода шудааст. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ин ҳамкориҳо дар доираи амали ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ идома пайдо мекунад.


Шарҳи вазъи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршинос Шуҳрат Мирзоев пешниҳод гардида, зимни муҳокима ва музокираҳо таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати мукаммал, васеъ ва фарогир намудани маълумот, ба инобат гирифтани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои истифодаи натиҷаҳои таҳлили вазъи бозори меҳнати ҷумҳурӣ, бахусус дар таҳияи барномаҳои нави соҳавӣ аз ҷониби муовини якуми вазир Раҳмонзода А., муовини вазир Маҳмадуллозода Н.Р., сардори раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ Курбонов Н., инчунин намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, олимон ва коршиносон манзур гардиданд. 


Қайд гардид, ки маълумот дар бораи вазъи бозори меҳнат на танҳо барои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, балки барои банақшагирии фаъолияти соҳавии якчанд вазоратҳои калидии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, саноат ва технолгияҳои нав зарур аст. 


Дар идомаи ҳамоиш рӯнамои лоиҳаи «Муколама ва амал барои ҷавонони лаёқатманд дар Осиёи Марказӣ», ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар назар аст солҳои 2022 – 2027 дар 5 ҷумҳурии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон амалӣ гардад, ба ҳозирин пешниҳод шуда, фикру мулоҳизаҳо барои ҳамкориҳои минбаъда дар доираи лоиҳаи мазкур пешниҳод ва баррасӣ шуданд.

15.06.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ