img
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲАИ СОХТОРҲОИ ТАРКИБИИ ВАЗОРАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар вилояти Хатлон нуҳуми октябри соли равон бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва роҳбарони сохторҳои таркибии вазорат дар вилоят ҷаласаи ҷаъбастии нуҳмоҳа баргузор гардид. 

 

Доир ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои таркибии вазорат гузориши роҳбарони сохторҳо дар вилояти Хатлон давоми нуҳмоҳи соли ҷорӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки давоми нуҳмоҳ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самтҳои  меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунарҳои милливу муосир, як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

 

Аз ҷумла масъалаҳои тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ пайваста зери назорати доимии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қарор дошта, мунтазам чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода таъкид кард, ки муҳимтар аз ҳама, мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ имрӯзҳо корбариро ҷиҳати таъмини кормандон барои сохтмони азими аср – НБО “Роғун” низ идома дода, илова ба ин, барои пешбурди корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти истеҳсолии як қатор иншооту корхона, аз ҷумла таҷдиди роҳи автомобилгарди Дарвоз-Хоруғ, Нуробод – Оби Гарм, Конибодом – Деҳмой, ичунин сохтмони НБО “Себзор”, таҷдиди НБО “Қайроққум” ва ғайраҳо бо роҳи пахши роликҳо ва дигар воситаҳои рекламавӣ кормандонро ҷалб намуда истодаанд.

 

Дар зимн маврид ба зикр аст, ки  дар асоси супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати кишвар ва дастури бевоситаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба соҳибкасб намудани аҳолии кишвар ва инчунин таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори муносиб дар дохили кишвар, ҳамчунин бо таври муташккилона сафарбар намудани аҳолӣ бо дарназардошти диверсфикатсияи муҳоҷирати меҳнатии беруна, то ба имрӯз аз ҷониби сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом дода шуда истодааст.

 

Дар фарҷоми ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини сохторҳои вазорат дар вилояти Хатлон дастурҳои мушаххас дода шуд.

09.10.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ