img
КУМАК БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ХОНАИ КӮДАКОНИ №-1 БАРОИ КӮДАКОНИ ЯТИМУ БЕПАРАСТОР”-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ таъкид медоранд, раҳму шафқат ва кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, беморону шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки иҷрои онҳо хайру савоб маҳсуб меёбад.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр бо иштироки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сарпарастии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №-1 барои кӯдакони ятиму бепарастор”-и шаҳри Душанбе кумак аз қабили хурока, сару либос ва лавозимоти зарурӣ расонида шуда, дастархони идона ташкил карда шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби ҳунармандони МД “Ансамбли ҷумҳуриявии “Лаъл” барои кӯдакон барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ пешкаш гардид.

Мавриди зикри хос аст, ки ҳамасола дар арафаи иди саиди Фитр бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табақаҳои ниёзманд кумакҳо расонида мешаванд.

 

19.04.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ