Хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар боғҳои Пойтахт баргузор карда мешаванд.
Дар идомаи ин чорабиниҳои фараҳбахш дар санаи 13 июни соли 2026 рӯзи фарҳангии ноҳияи Қубодиён дар Боғи фарҳангию фароғатии “Кули ҷавонон”-и шаҳри Душанбе баргузор гирдид. Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ барномаҳои ҷолиби консертӣ, инчунин намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ пешниҳоди сокинони шаҳри дилрабои Душанбе ва меҳмонони дуру наздики он карда шуд.
Ҳадафи асосии ин иқдоми пурарзиш пешбарии сиёсати хирадмандонаи созандагию бунёдкорӣ, гиромидошти фарҳангу маърифати миллӣ, шукргузорӣ аз оромию осоиштагии ҳаёти иҷтимоӣ, тарғиби мероси фарҳангии минтақаҳо, дастгирии ҳунармандон ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байнишаҳриву байниноҳиявӣ, муаррифии маҳсулоти заҳмати дасти деҳқонону кишоварзон ва дастурхони пурнозу неъмати тоҷикон арзёбӣ мегардад.
Чорабинӣ дар фазои идона доир гардида, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ҳунармандон ва сокинони Пойтахтро гирди ҳам овард. Масъулони сохторҳои давлатӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Солеҳа Холмаҳмадзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе – Исмоилзода Нурҷаҳон ва раиси ноҳияи Кубодиён – Сабурзода Мирзодавлат бо навбат ба сухан баромада, оид ба ифтихормандӣ аз ҷашни пуршукӯҳи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди рушуду тараққии кишвари азизамон ва бахусус, Пойтахти мамлакат, ҳунармандию фарҳангдӯстии сокинони ноҳияи Қубодиён гуфтаниҳои арзишмандеро ироа карданд.
Аз ҷониби раиси ноҳияи Қубодиён ҷиҳати сипосмандӣ дар ҳамкориҳои судманд бобати баргузории ин чорабинӣ ба Раиси шаҳри Душанбе, вазири меҳнат, муҳиҷорат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сипосномаҳои ноҳия тақдим карда шуд.
Дар идомаи ин чорабинӣ ҳунармандони ноҳияи Қубодиён бо завқ ва масъулияти баланди эҷодӣ ҳунару истеъдоди худро ба сокинони пойтахт муаррифӣ намуда, намунаҳои ҳунарҳои дастии анъанавии минтақаи худро манзури тамошобинон карданд.Иштироки онҳо бори дигар собит намуд, ки ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон на танҳо ҷузъи мероси фарҳангӣ, балки воситаи муҳими муаррифии минтақаҳо дар сатҳи фарҳангиву иқтисодӣ, башардӯстӣ, меҳмоннавозӣ ва ҳамзистии осоишта ба шумор мераванд.