img
ШАРТНОМА БО ДОНИШГОҲИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН

23 июни соли ҷорӣ аз ҷониби муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мумин Машокир ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи «Импакт сорсинг»  шартнома ба имзо расонида шуд. 
Соҳаи «Импакт сорсинг» як амалияи шуғлнокии фарогир мебошад, ки бо мусоидати он ширкатҳо тавассути занҷираҳои глобалии таъминот шаҳрвандонро барои иҷрои кор киро мекунанд ва ба онҳо имкониятҳоро барои рушди касбӣ пешниҳод менамоянд, ки дар натиҷа шаҳрвандон метавонанд, дар сурати имкониятҳои маҳдуд шуғли расмӣ дошта бошанд.
Дар асоси шартномаи мазкур Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон дар мувофика бо сохторҳои дахлдори Вазорат тибқи тартиби муқарраргардида дар такмили барнома ва нақшаҳои таълимии омӯзишӣ барои Маркази шуғли фосилавӣ мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки чунин Марказ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба фаъолият оғоз намуд. 
Дар назар аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии корфармоён дар бораи шуғли фосилавӣ ва бо кор таъмин намудани шахсони осебпазир, чорабиниҳои иттилоотӣ ва тарғиботӣ вусъат пайдо карда, фаъолияти Марказҳои шуғли фосилавӣ тақвият дода мешаванд.

24.06.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ