30 сентябри соли 2025 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Намояндаи доимии дафтари ҳамоҳангсозии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами баргузор гардид.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро хушомадед гуфта, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид дар тӯли беш аз се даҳсола ҳамкории самарабахш, махсусан бо Созмони Байналмилалии Меҳнат, ЮНИСЕФ ва Созмони Озуқавори ва Кишоварзии СММ(ФАО) ва дигар ниҳодҳои марбути созмони зикршуда ба роҳ мондааст. Таъкид шуд, ки ин ҳамкориҳо натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.
Дар навбати худ, хонум Кавилмадам Рамасвами ба роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои созанда ва равобити фаъол изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки СММ рушди соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро ҳамчун яке аз афзалиятҳои стратегӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунад.
Намояндаи СММ инчунин изҳор дошт, ки Дафтари ҳамоҳангсозии СММ омода аст, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои афзалиятноки соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо вазорат ҳамкориҳои зич ва судмандро идома диҳад ва мулоқоти имрӯза оғози марҳалаи нав дар таҳкими ҳамгироии сиёсати миллӣ бо ташаббусҳои байналмилалӣ мебошад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳидро дар самти рушди бозори меҳнат баланд арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба хонум Кавилмадам Рамасвами барои дастгирии ҳамешагӣ ва шарикии боэътимод изҳори сипос кард ва изҳор дошт, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд омода аст.