29 сентябри соли 2025 байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ин санади муҳими ҳамкорӣ оғози марҳилаи нави ҳамкориҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешбурди баробарии гендериро ифода мекунад.
Ҳамкории нав ба муттаҳидсозии кӯшишҳо ва иқдомҳои муштарак барои ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоии муҳим, аз ҷумла: ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус занон ва аъзои оилаҳои онҳо, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/СПИД ва сил дар байни муҳоҷирон, тақвияти баробарии гендерӣ ва васеъ намудани имкониятҳои занон, баланд бардоштани огоҳӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ва коҳиши хавфҳои иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир равона шудааст.
«Ба имзо расонидани ин ёддошт қадами мантиқӣ ва зарурӣ дар фаъолияти мо аст, - қайд намуд Норзода Шариф Сангимурод муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: - Мо итминон дорем, ки ҳамкорӣ бо як ташкилоти боэътимоди ҷамъиятӣ имкон медиҳад, то ҳадафҳои умумии худро — яъне таъмини баробарии иҷтимоӣ барои ҳамаи шаҳрвандон, бахусус муҳоҷироне, ки нақши муҳиме дар рушди иқтисодиёт доранд — ба таври муассир ба амал бароварда шавад. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои тандурустӣ ва пешгирии бемориҳо равона мегардад, ки ҷузъи муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ ва беҳбудии оилаҳо ба шумор меравад».
Дар доираи ҳамкорӣ ҷонибҳо нақша доранд як қатор маъракаҳои иттилоотӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва лоиҳаҳои муштаракро роҳандозӣ намоянд, ки ба баланд бардоштани савияи ҳуқуқии муҳоҷирон, ҳифзи саломатии онҳо ва таҳкими нақши занон дар ҷомеа нигаронида шудаанд.
Ҳамкории мазкур эътимодро байни сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳким бахшида, гузариш ба роҳҳои фарогир ва самараноки ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро ифода мекунад.