img
ҲУҚУҚИ ИНСОН – ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Ҳуқуқи инсон муҳимтарин дастоварди ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбудии вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар талошҳои зиёде карда истодааст.

 

Яке аз дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабули Конститутсияи соли 1994 мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти бузургро дар самти арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсон бар дӯш гирифта, дар Конститутсияи худ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуд. Ҳуқуқи инсон чун олитарин арзиш дар ҷомеаи инсонӣ талаб менамояд, ки ҷамъияту давлат барои амалишавии он тадбирҳо андешанд ва ҳар фард имконияти амалӣ сохтани ҳуқуқу озодиҳои худро дошта бошад.

 

Воқеияти ин гуфтаҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ғояи инсондӯстӣ дар Паёми худ таъкид намуданд, ки «пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад». Конститутсия ҳамзамон озодии сухан, ҷамъомад ва иттиҳодияҳо, инчунин ҳуқуқ ба мурофиаи судии одилона ва дахлнопазирии шахсиро кафолат медиҳад.

 

Солҳои охир дар баробари ин музаффариятҳо як қатор қонунҳо, барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳое қабул гардиданд, ки баҳри таҳким ва тантанаи ҳуқуқи инсон мусоидат намуданд.

 

Аз ҷумла, маротибаи сеюм қабул гардидани Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ҳамзамон қабул гардидани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 дарак аз он медиҳанд, ки Ҳукумат ва Сарвари давлат ба ин самти афзалиятнок таваҷҷуҳи зиёд доранд.

 

Сарвари давлат барои таҳким ва рушди ҳуқуқу имкониятҳои занон пайваста тадбирҳо меандешанд. Далолати ин гуфтаҳо қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошанд. Аз ҷумла: қонунҳои ҶТ «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқи занон бо созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамкориҳои фаъол дорад.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон низ тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳимоя ва таъмини ҳуқуқи кӯдакон ва тарбияи насли наврас, ба хусус ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз самтҳои пешгирифтаи давлат ба ҳисоб меравад. Баҳри дар сатҳи дахлдор таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардиданд, ки қадами нек дар ин самт маҳсуб мешаванд.

 

Дар қонунҳои номбаргардида ҳуқуқи ҳар як кӯдак ба ҳаёт, саломатӣ, таҳсил ва ҳимоя аз зӯроварӣ эътироф ва мустаҳкам карда шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон барои беҳбудии дастрасии кӯдакон ба таҳсил ва тандурустӣ фаъолона талош мекунад.

 

Кӯдакон гурӯҳи осебпазири аҳолӣ мебошанд, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, механизми мустақили худро талаб мекунад. Дар шароити мураккаби иқтисодию сиёсӣ кӯдаконро аз истисмор, муносибати бераҳмона ва беэътиноӣ аз ҷониби ҷомеа бояд ҳифз ва ҳимоя намуд.

 

Бо ин мақсад Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудааст, ки фаъолияти он ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон равона гардидааст.

 

Дар маҷмуъ, ҳуқуқи инсон як дастоварди муҳимми миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ба шарофати талошҳои Ҳукумат ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон пешсаф мебошад.

 

Бо вуҷуди ин моро зарур аст, ки боз ҳам корҳои муҳиммеро ба сомон расонем, то ин ки ҳуқуқи инсон бештар аз пештар дар сатҳи зарурӣ риоя, ҳифз ва таъмин гардад.

 

Сайфулозода Собир мутахассиси

Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо  

19.12.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ