img
МУЛОҚОТ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз 6-уми июни соли 2023 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо сафири фавқулода ва мухтори Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев мулоқот анҷом дод.

Дар оғози мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зимни боздид тарафайн ба натиҷа расиданд, ки дар оянда вобаста ба масъалаҳои марбут ба соҳа ҳамкорӣ намоянд.

 

06.06.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ