Дар доираи сафари кории Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Протоколи ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории муштарак аз ҷониби муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода ва раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниё ба имзо расонида шуд.
Дар доираи Протокол тарафҳо мувофиқати худро ҷиҳати баргузории таҷрибаомӯзии таълимиву истеҳсолӣ, таҳияи стандартҳои таълимӣ барои коршиносони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои устоҳои таълими истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои қаннодӣ, ошпазӣ, нонпазӣ, коркарди чарм, кулолгарӣ ва кошикорӣ, таъмири автомобилҳо, заргарӣ, дӯзандагиву тарроҳӣ ва касбу ҳунарҳои наву муосир изҳор намуданд.
Ҳамзамон, ҷониби эронӣ тасмим гирифт, ки барои баргузории мусобиқаи малакаҳои касбӣ тибқи талаботи ташкилоти байналмилалии “World skills” ба ҷониби тоҷикистонӣ мусоидат намояд.
Гурӯҳи кории муштарак ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳои малакаи касбии дуҷониба дар моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.
Ҷониби эронӣ омодагии хешро барои дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намудани таҷҳизот ва маводи таълимӣ-техникии ширкатҳои эронӣ, таҷрибаомӯзӣ ва коромӯзии ҳайати тоҷикистонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо истифода аз таҷрибаи мактаби “Устод - шогирд” ва ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани на кам аз 1000 стандарти касбӣ-таълимӣ бо интихоби касбҳо тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки таҷрибаи ташкили омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии хусусӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолият доранд, омӯхта шуда, ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштарак моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.