img
Бори нахуст муаррифӣ намудани таъомҳои миллӣ аз ҷониби магистрон- хизматчиёни давлатӣ дар Донишгоҳи Хиросимаи кишвари Ҷопон

Ҳамасола чун анъана дар моҳи ноябр бахшида ба Рӯзи кушодашавии “Мактаби олии рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ” чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони раёсати донишгоҳ, донишҷӯён, магистрон ва докторантон аз кишварҳои гуногуни олам, ки дар Донишгоҳи Херосимаи кишвари Ҷопон таҳсил мекунанд дар шароити мутантан баргузор карада мешавад. Чун анъана дар ин чорабинӣ донишҷӯён бо пешниҳоди анвои таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ кишвари худро муаррифӣ менамоянд.

Имсол чорабинии мазкур санаи 5 ноябри соли 2022 дар саҳни донишгоҳ баргузор гардида, аввалин маротиба аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷкистон Сазовор Муродов, Аминҷон Пиров, Фарибо Идибекзода, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳ Аскарзода, Рустамҷон Умаров, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Мирзоев бо пешниҳоди таъомҳои миллӣ, намунаи дастдӯзиҳои фарҳанги миллӣ, маълумоти зарурӣ дар бахши сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни намояндагони кишварҳои гуногуни олам муаррифӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хӯроки милли - оши палав, ки ҳамчуни таоми милли тоҷикон аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудааст, пешниҳоди иштирокчиён гардид.

Бояд зикр кард, ки дар ин чорабинии мазкур донишҷуён, магистрон ва докторантон аз кишварҳои Амрико, Олмон, Ҳоланд, Чин, Малайзия, Индонезия, Шриланка, Бангладеш, Африқо, Мозамбик, Уганда, Миср, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Лаос, Филиппин, Вейтнам, Муғулистон, Ҷопон, Бутан, Непал иштирок доштанд.

Хӯрокҳои пешниҳоднамудаи кишвари Тоҷикистон бо тамъ ва лаззати нотакрораш барои тамоми иштирокчиён писанд омада, аз ҷониби раёсати донишгоҳ низ ба иштироки фаъоли донишҷӯёни тоҷик баҳои баланд дода шуд.

Масъулини донишгоҳ иброз доштанд, ки дар таърихи баргузории ин чорабинӣ аввалин маротиба аст, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд ва ин иштирок аввалин ва олитарин ҳисобида мешавад дар байни кишварҳои иштирокчӣ. Аксҳо аз рафти баргузории чорабинӣ.

Рустам Умаров,

Ҷопон, Донишгоҳи Хиросима

05.11.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ