img
НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2023 БАРРАСӢ ГАРДИД.

Имрӯз 13 октябри соли 2023 таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода маҷлиси ҳайати мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2023” баргузор шуд.

 

Дар маҷлис муовинони вазир, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони хадамотҳои назоратӣ давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва сохторҳои он дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, директорони муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ, литсейҳои касбӣ-техникии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат ва сохторҳои он дар 9 моҳи соли ҷорӣ гузориши муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода шунида шуда, дар муҳокимаи масъала сардорони хадамотҳо, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, директорони муассисаҳо суханронӣ намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис посух доданд.

 

Зимни ҷаласа ба рафти иҷрои барномаҳои соҳавӣ, бахусус Барномаи касбомӯзии шаҳрвандон барои солҳои 2021–2025 ва Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таваҷҷуҳи хос гардида, ҷиҳати таъмини иҷрои чорабиниҳои барномаҳои мазкур ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастур супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

Ҳамзамон, масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, пешгирии ходисаҳои нохуши истеҳсолӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, сафарбаркунии муташаккилона барои бокортаъминшавӣ дар хориҷи кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафар, касбомӯзии шаҳрвандон тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи мамлакат, вазъи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо китобҳо ва маводи таълимӣ, омодагии муассисҳои мазкур ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, рафти иҷрои дурнамои нақшаву барномаҳои соҳавӣ, таъмини шаффофияти фаъолият ва пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуб ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулини сохторҳои вазорат ҷиҳати тақвияти фаъолият муваззаф гардиданд.

 

Аз натиҷаи баррасии масъала қарори дахлдор қабул гардид.

 

 

         

 

 

13.10.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ