Тавре хабар дода будем, дар доираи чорабиниҳои банақшагирифташуда аз натиҷаи сафари кории Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ВМКБ аз 1 то 10 августи соли ҷорӣ сафари омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таълимии тобеи вазорат дар ВМКБ ба пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷараён гирифт.
Дар идомаи сафар омӯзгорон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд боздид намуда, бо фаъолияти литсейҳои касбии техникии ноҳияи Айнӣ, шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва намояндагии филлиалҳои МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Гулистон аз коргоҳҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои дӯзандагӣ ва маркази ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос шуданд.
Дар баробари ин, онҳо аз мавзеъҳои таърихӣ - ёдгориҳои Саразм, осорхонаи шаҳри Панҷакент, Искандаркул, қалъаи Муғ, оромгоҳи Шайх Муслиҳиддин, Қасри Арбоб ва Қалъаи шаҳри Хуҷанд дидан намуда, таассуроти ҷолиб бардоштанд.
Ҳайати омӯзгорон рӯзи 10 август дар МД “Истироҳатгоҳи коргарҷавонони Ромит” таассуроти худро аз натиҷаи сафари даҳрӯза ба пойтахти кишвар ва вилоятҳои Хатлону Суғд хотирмону ҷолиб арзёбӣ намуданд.