https://www.facebook.com/share/p/1CC3CeQEKZ/
Санаи 16 уми июни соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид. Дар кори он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода ва аъзоёни комиссия дар сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома дар маҷлис ду масъала “Дар бораи рафти иҷрои протоколи №4/43-45 маҷлиси Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2025.” ва “Дар бораи пешниҳоди маълумот доир ба ташкили муоинаи тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба хориҷа ва фарогирӣ баъди бозгашт” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда гузоришҳои муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Норзода Шариф Сангинмурод ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хайруллозода Муҳиддин Ҳабибулло шунида шуданд.
Зимни баррасии масъалаҳои мазкур Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти масъалаҳои ба миён омада ва таклифу пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул кард.