img
ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАНЗОДА ГУЛНОРА КЕНҶА БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2024

Ҳамватанони гиромӣ!

 

Мо дар остонаи таҷлили Соли нави мелодии 2024 қарор дорем. Ба ин муносибат Шумо,сокинони кишварро, муборакбод намуда, бароятон умри бобаракат, саодату комёбӣ, рӯзгори хушу хуррам ва дар амалӣ гардидани кулли орзуву омоли некатон барору комёбӣ хоҳонам.

 

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2023 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашида, ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд.

 

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар вазорату идораҳо дар соли 2023 фаъолияти арзанда нишон дода, дар татбиқи сиёсати фардосози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманди худро дар рушду нумуи давлати соҳибистиқлоламон гузошт.

 

Итминони комил дорам, ки мо бо заҳмати ватандӯстонаву аҳлонаи худ ҳамаи ҳадафҳои созандаи дар соли нави 2024 ба нақша гирифтаамонро сарбаландона иљро намуда, пояҳои истиқлолияти давлатамонро таҳким мебахшем ва Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.

 

Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!

 

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони азизро бо фарорасии соли нави 2024-уми мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

 

 

 

29.12.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ