Варзиш - омили муҳими солимӣ ва машғул гардидан ба он ифодагари баҳамоӣ, сулҳу оромӣ ва таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни аҳли ҷомеа мебошад. Барои мо – ҷавонон ҳамчун созандагони боэътимоди Ватан мояи ифтихор ва сарбаландист, ки дар партави сиёсати дурандешона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол соҳаи варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаву варзишгарони мо низ ба комёбиҳои баланд расида истодаанд.
Ҳамин аст, ки бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни сохторҳои вазорат дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуданд.
Ин мусобиқаҳои варзишӣ барҳақ аз оммавӣ гардидани варзиш дарак медиҳанду кормандони вазорат бошанд барои обу тоб додани бадан фаъолона дар ин гуна бозиҳои варзишӣ иштирок меварзанд.
Маврид ба қайд, аст, ки дар вазорат мусобиқаҳои варзишии волейбол, футбол, шоҳмот ва шашка ташкил ва баргузор гардид, ки дастаҳо ширкати фаъолона доштанд.
Даври ҷамъбастии мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар МД Истироҳатгоҳи коргарҷавонони “Ромит” баргузор гардид, ғолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби муовинони вазир Ализода Алишер Ҳикматулло ва Давлатзода Қиёмиддин қадрдони карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки кормандони вазорат ва сохторҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар мунтазам баҳри оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғибу ташвиқи он саҳми назарраси худро мегузоранд.
Ғолибони мусобиқаҳои варзишии волейбол, футбол, шашка ва шоҳмот
Мусобиқаи варзишӣ дар намуди волейбол |
|
Ҷойи якум |
Дастаи “Меҳнат”- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ |
Ҷойи дуюм |
Дастаи “Ғалаба”-и Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе” |
Ҷойи сеюм |
Дастаи “Лакамматив”-и Литсейи касби техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе” |
Ҷойи сеюм |
Дастаи “Муҳандиси”-и Колеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” |
Мусобиқаи варзишӣ дар намуди футболи хурд |
|
Ҷойи якум |
Дастаи “Муҳандиси”-и “Колеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” |
Ҷойи дуюм |
Дастаи “Меҳнат”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ |
Ҷойи сеюм |
Дастаи “Сохтмончиён”-и “Литсейи касби техникии сохтмони шаҳри Душанбе |
Ҷойи сеюм |
|
Дар мусобиқаи варзиши аз намуди шашка
|
Омӯзгори Литсейи касби техникии сохтмони шаҳри Душанбе Моҳрӯ Бобоева сазовори ҷойи якум, Сардори раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Самадов Баҳром сазовори ҷойи дуюм гардиданд. |
Мусобиқаи варзиши дар намуди шоҳмот
|
Омӯзгори Литсейи касби техникии шабонаи шаҳри Душанбе Ниятбек Зикиллобеков сазовори ҷойи якум шуд. |