Маблағи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра тариқи ғайринақдӣ амалӣ шуда, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохт мешаванд. Муовини Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъламхон Наимӣ 7 феврал дар Душанбе дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки ин тамоюл дар самти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» нақши муассир мегузорад.
Инчунин таъкид шуд, ки хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он тавассути низоми электронии TFMIS SGB. net –и хазинадории Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва бо роҳи ғайринақдӣ амалӣ гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ», ки 22 июни соли 2023 ба имзо расид, иқдоми саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, ба таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалии мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Инчунин гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва сабаби сарфаи вақту пешгирии хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»